Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ

28.09.2015 20:40, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Имрӯз 28 сентябри соли 2015 дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ мулоқот намуд.

"Умедворам, ки саъйю талоши муштараки мо ва тамоми ҷомеаи байналмилалӣ ба таъмини субот, сулҳ ва пешрафти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат хоҳад кард"-иброз дошт дар оғози суҳбат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои ду кишварро баланд арзёбӣ намуда масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисодиёту иҷтимоиёт, энергетика,  ҳамлу нақл, маорифро баррасӣ карданд.

Таваҷҷуҳи бештар ба татбиқи амалии лоиҳаҳои минтақавии бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон,  омодасозии заминаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон ва хатти барқии баландшиддати CASA-1000 аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон зоҳир гардид.

Дар мулоқот инчунин доир ба масоили амниятӣ, аз ҷумла таъмини сулҳу субот дар минтақаҳои сарҳадии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва муборизаи муштарак бо унсурҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520