Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок ва суханронӣ дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид

29.09.2015 19:29, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар мубоҳисоти умумии Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуда, диққати аҳли сайёраро ба ҳалли масъалаҳои глобалии умумибашарӣ ҷалб намуд.

Дар оғоз Сардори Давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҷаноби Могенс Ликкетофтро ба муносибати ба маснади Раиси Иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид интихоб шуданаш самимона муборакбод намуда, иброз намуд, ки "Иҷлосияи ҷории Маҷмаи Умумӣ на танҳо барои андешаронӣ доир ба комёбиҳои Созмон дар тӯли таърихи ҳафтодсолаи он, балки барои таъкиди дигарбораи азми қатъии мо дар роҳи татбиқи орзую омоли мардумонамон ба хотири рушди осудаву устувор фурсати нодиреро фароҳам сохтааст".

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти ҳафт даҳсолаи Созмони Милали Муттаҳид натиҷабардорӣ намуда аз ҷумла қайд намуд, ки "Ҳафтод сол аст, ки Созмони Милали Муттаҳид дар ҷодаи ҳифзи сулҳу амният, инкишофи ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳимояи ҳуқуқи башар, таҳкими субот, рушди устувор ва коҳиши камбизоативу нобаробарӣ кори зиёдеро анҷом додааст. Дар ин солҳо, -таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон ба шарофати таҳияи дастаҷамъонаи василаҳои ҳамёрӣ мо дар самти рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаем. Ҳамин рӯзҳо Мулоқоти Созмони Милал дар сатҳи олӣ Рӯзномаи нави рушди устуворро тасдиқ кард, ки он зербино ва самтҳои асосии кӯшишу талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати расидан ба рушди устувори ҷавобгӯ ба манофеи ҳамаи мардумон ва ҳар як инсон муайян месозад".

Президенти кишвар дар суханронии худ ҳамчунин саҳми хосаи Созмони Милали Муттаҳидро дар амри пуштибонӣ аз равандҳои ташаккули давлатҳои нави мустақил ва рушди минбаъдаи онҳо қайд намуда, ёдовар шуд, ки "Тоҷикистон низ, ки дар оғози истиқлоли хеш бо мушкилоту душвориҳои давраи гузариш рӯ ба рӯ гашта буд, пуштибонии фарогири Созмони Милалро эҳсос кард, ки ба шарофати он кишвар дилпурона ба ҷодаи рушди демократӣ қадам ниҳод".

Сардори давлат аз нақши Тоҷикистон дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи аслиҳа ва одамрабоӣ, инчунин дар амри пешбарии Рӯзномаи Созмон дар масоили об ёдовар шуда ҳамчун иброз намуд, ки "Нерӯҳои полисии мо дар амалиёти сулҳофарии Созмони Милал ва Иттиҳоди Африқо дар Дарфур бо ҳамкорони худ аз дигар кишварҳои аъзо ширкат варзида, дар раванди бунёди сулҳ саҳм мегиранд. Агентии назорати маводи нашъаовар, ки бо мусоидати Созмони Милал ташкил шудааст, дар амри мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нақши муҳимме дорад. Аз соли 1995 то алҳол сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи мо 111 тонна маводи нашъаовар мусодира намуданд, ки он аз 206 миллиону 650 ҳазор воя иборат буда, метавонист 50 миллион нафар сокинони сайёраро нашъаманд созад".

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши шумораи низоъҳои мусаллаҳона ва амалиёти террористӣ, буҳронҳои озуқаворӣ, энергетикӣ ва молиявию иқтисодӣ, таназзули муҳити зист, тағйирёбии иқлим, паҳншавии бемориҳои сирояткунанда изҳори нигаронӣ карда ҷомеаи ҷаҳониро ба вокуниши дастаҷамъона ва фарогир даъват намуда аз ҷумла қайд кард, ки Дар ин росто Созмони Милал чун заминаи асосие барои расидан ба ҳамфикрӣ дар масоили калидии рушду амнияти байналмилалӣ, инчунин ҳамоҳангсозии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар муқовимат бо таҳдиду хатарҳои дунё боқӣ мемонад".

Сардори давлат ҳамчунин аз миқёс ва хусусияти ҷаҳонӣ доштани таҳдидҳое, ки онҳоро терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил ба миён меоранд, изҳори нигаронӣ карда "Мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ"ро афзалияти дараҷаи аввал номид.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо саъю талоши муштарак роҳҳои ҳалли коҳиш додани камбизоатӣ, натоиҷи манфии ҷаҳонишавӣ, пешгирӣ намудани низоъҳои минтақавӣ ва ҳалли онҳоро ҷустуҷӯ бояд кард ва дар айни замон пешниҳод намуд, ки "Дар ин амр таҳкими гуфтугӯи байни фарҳангҳову динҳо, эътимоди байни ҳамдигарӣ ва таҳаммулгароӣ нақши махсусан муҳим доранд".

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба авзои кунунии Афғонистон ибрози андеша намуда изҳор дошт, ки "Тоҷикистон ҷонибдори вусъати муносиботи дӯстонаву ҳусни ҳамҷаворӣ бо Афғонистон аст ва аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меорад, ки кӯшишҳои Ҳукумати ин кишварро дастгирӣ карда, ба сулҳу низом дар мамлакат, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, идомаи раванди мусолиҳаи миллӣ ва музокирот, инчунин ба ҷалби кишвар ба ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат намояд". Тоҷикистон аз ҷониби хеш дар рушди иҷтимоиву иқтисодии ин кишвари ҳамсоя мисли пештара саҳм хоҳад гирифт.

Дар суханронии худ Президенти Тоҷикистон ба масоили тағйирёбии иқлим дахл намуда, изҳори умед кард, ки кишварҳои узв имконияти моҳи декабр бори дигар дар Париж гирди ҳам омади ҷомеаи байналмилалро истифода хоҳанд бурд ва дар масоили тағйирёбии иқлим, ки дар асоси Конвенсияи қолабии Созмони Милал оид ба тағйирёбии иқлим таҳия шудааст, санади наверо тасдиқ намуда, бо ин амр яке аз асосҳои гузариш ба рушди устуворро хоҳанд гузошт. Мо итминон дорем, ки чунин гузариш на танҳо таҷдиди истеҳсолотро бар асоси технологияҳои навтарин тақозо дорад, балки ба тағйироти куллӣ дар тарзи тафаккур ва фарҳанги истеъмолӣ низ ниёз дорад.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон "Омӯзишҳои бисёрсола аз тақвият ёфтани таъсири тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвари мо шаҳодат медиҳанд. Тибқи ин омӯзишҳо дар 60 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар Тоҷикистон 1 дараҷаи Селсий боло рафта, теъдоди рӯзҳои боришоти фаровондошта афзудааст, зуд-зуд такроршавии падидаҳои гидрометеорологии табиӣ тақвият ёфта, раванди обшавии пиряхҳо суръат пайдо кардааст. Тобистони ин сол аз сабаби гармои ғайриодӣ ва боришоти зиёд дар қисмати баландкӯҳи кишвар офатҳои табиӣ рух доданд, ки ба иқтисоди кишвар дар ҳаҷми миллионҳо доллари амрикоӣ хисорот ворид намуданд. Мутаассифона, одамон низ талаф шуданд.

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон "Тоҷикистон аз рӯи нишондиҳандаи партовҳои гази карбонат ба фазо дар байни кишварҳое, ки камтарин ҳаҷми партови газҳоро доранд, ҷои 135-умро соҳиб аст. Ин партовҳо ба ҳар сари аҳолӣ рақамеро ташкил медиҳанд, ки аз нишондиҳандаи миёнаи дунё ба маротиб камтар аст. Истифодаи васеи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд. Таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба сифат ва ҳаҷми захираҳои оби нӯшокӣ торафт аёнтар мегардад.

Бинобар ин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки "услубҳои то ба имрӯз истифодашавандаи идоракунии захираҳои об ва истифодаи онро таҷдиди назар намудан лозим аст, то мутобиқкунии он на танҳо бо дарназардошти омили иқлим, балки афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт дар дунё, инчунин камбуди захираҳои оби ошомиданӣ таъмин гардад".

Сардори давлати Тоҷикистон бо истифода аз ин минбари баланд доир ба зарурати таҳияи барномаи фарогири минтақавӣ оид ба мутобиқкунӣ ба тағйироти иқлим масъалагузорӣ намуд ва афзуд, ки саривақтӣ будани чунин барномаро зери таъсири тағйирёбии иқлим босуръат коҳиш ёфтани масоҳати пиряхҳои минтақа низ тақозо дорад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки баъди солҳои 60-уми асри гузашта сеяки пиряхҳои минтақа, ки манбаи асосии оби дарёҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, нест шудаанд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки имсол Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт 2005-2015» - барномаи умумиҷаҳонии аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милал тасдиқшуда, ки ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия гашта буд, ба охир мерасад. Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки ба мақсади баррасии пешравии бадастомада, инчунин норасоиҳои ҳангоми амалӣ гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал ҷойдошта чандин чорабиниҳо аз ҷумла муколамаи сатҳи баланди Маҷмаи Умумии Созмони Милал доир ба баррасии фарогири пешравиҳои ҳангоми татбиқи Даҳсола бадастомада, ки 30-юми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорк, сурат гирифт ва 9-10 июни соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар масоили татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ доир гардид гузаронида шуданд. Сардори давлати Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаи ин ва дигар чорабиниҳо, ки ҷиҳати мусоидат ба баррасии фарогири татбиқи Даҳсола гузаронида шуданд, ҳангоми ҷамъбаст намудани натиҷаҳои Даҳсола аз ҷониби Котиботи Созмони Милал ба назари эътибор гирифта хоҳанд шуд.

Ҳамчунин бо истифода аз фурсат, Президенти Тоҷикистон ба кишварҳои узв, Раиси Маҷмаи Умумӣ, Дабири кулл, бахшҳо ва агентиҳои Созмони Милал, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони доираҳои илмиву соҳибкорӣ барои ширкати фаъолонаашон дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалӣ ва ҷамъбасти натиҷаҳои он изҳори сипос намуд.

Дар охир Сарвари Давлати Тоҷикистон таъкид дошт, ки "ба наздикӣ мо «харитаи роҳи» рушди устуворро тасдиқ намудем, ки он бахши обро ҳамаҷониба фаро мегирад. Понздаҳ соли оянда, дар шароити шиддат ёфтани таъсири тағйироти иқлим, таназзули муҳити зист, афзоиши аҳолӣ, буҳронҳои озуқаворию энергетикӣ ба соҳаи захираҳои об мо бояд саъю талоши бузург ба харҷ диҳем, то ба ҳадафҳои гузошташуда расем. Ба ақидаи мо инкишофи ҳамкорӣ, шарикӣ ва дипломатияи об ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати коҳиш додани ин равандҳои харобиовар ва сари вақт ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳанд кард". Бинобар ин Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти зарурати омода намудани заминаҳои нав ҷиҳати тақвият ва тавсеаи ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо пешниҳод намуд, ки имконияти эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии об, ки ҳадафи он мусоидат ба татбиқи Рӯзномаи Рушди Устувор аст, баррасӣ гардад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин пешниҳод мавриди дастгирӣ ва таъйиди кишварҳои аъзои Созмони Милал қарор хоҳад гирифт.

Дар ин ҳамоиши бузург ҳамчунин роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бразилия, Хитой, Руссия, Корея, Эрон, Фаронса, Қазоқистон, Қатар, Финландия ва ғайра суханронӣ намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520