Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланди «Аз Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола то Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором»

30.09.2015 01:51, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

Муҳтарам муовини Дабири кулл ва котиби иҷроияи ЭСКАТО,

Хонумҳо ва ҷанобон,

Ҳоло мо дар марҳалаи бисёр муҳимми таърихӣ қарор дорем, ки тақдири наслҳои оянда ба қарорҳои мо марбут аст. Ба кишварҳои минтақаи мо, алалхусус мамлакатҳои аз ҳама камтар рушдёфта, кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ ва давлатҳои ҳурди ҷазиравӣ хатарҳои умумӣ таҳдид мекунанд ва онҳо афзалиятҳои яксон доранд, ки ҳаллу фасли ин мушкилот ва татбиқи ин авлавиятҳо фаъолияти таъҷилӣ ва қотеонаи моро ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ тақозо дорад.

Тоҷикистон, ки дар амри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола кишвари пилотӣ буд, дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди Созмони Милал Стратегияи миллии рушдро то соли 2015 таҳия намуд, ки он дар амалияи танзими раванди тараққиёти кишвар барои дурнамои дарозмӯҳлат тибқи Ҳадафҳои Рушд нақши бузург бозид. Дар он афзалияту самтҳои асосии сиёсати давлат дар масъалаи ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, таъмин намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои асосии иҷтимоӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ муайян шуда буданд. Дар натиҷаи чораҳои андешидашуда оид ба таъмини рушди иқтисодӣ солҳои охир ба таври назаррас коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар муяссар гардид.

Бо дарназардошти таҷрибаи ҳангоми татбиқи стратегияҳои коҳиш додани камбизоатӣ бадастомада Стратегияи боло бурдани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2013-2015 ба тасдиқ расид ва татбиқ гардид. Тибқи Стратегияи зикршуда ҷиҳати такмили идораи давлатӣ ва таъмин намудани рушди иқтисодӣ дар асоси инкишофи бахши хусусӣ ва ҳавасмандгардонии сармоягузорӣ, беҳтар намудани сифати таълим, тавсеа бахшидани дастёбӣ ба хизматрасонии босифати тиббӣ, оби ошомиданӣ ва беҳдошт, инчунин таъмини баробарии гендерӣ чораҳо андешида шуданд.

Мо ба раванди такмили стратегияҳои пешина ва таҳияи Барномаи нави рушди устувори кишвар барои давраи баъд аз соли 2015 таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳем. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳияву ҳамоҳангсозии рӯзномаи рушди глобалӣ барои давраи баъд аз соли 2015 ба муколамаи умумиҷаҳонӣ саҳм гузошта, як силсила машваратҳои миллиеро доир намуд, ки ҳадафи онҳо инъикоси ормонҳои табақаҳои васеи аҳолии кишвар нисбат ба ояндаашон буд. Ҳоло Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамкории Барномаи рушди Созмони Милал Барномаи рушди миллии миёнамӯҳлатро барои давраи солҳои 2016-2020 ва Стратегияи нави миллии рушди кишварро то соли 2030 таҳия менамояд, ки ҳангоми таснифи онҳо ғайр аз самтҳои афзалиятноки рушди устувор ва дарозмуддати кишвар вазифаҳои дар чаҳорчӯбаи Ҳадафҳои Рушди Устувор муайянгардида ҳарчи зиёдтар ба назари эътибор гирифта хоҳанд шуд.

Набудани имконияти баромад ба баҳр имконияти ҳамгироии кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкиро бо низоми бисёрҷонибаи тиҷорат душвор гардонида, ба дигар ҷанбаҳои рушди устувор таъсири манфӣ дорад. Аз ин рӯ, мо ҷонибдори ба кишварҳои рӯ ба инкишофи маҳсур дар хушкӣ додани авлавият ва афзалияти зиёдтарин дар низоми тиҷорат ҳастем. Махсусан муҳим мешуморем, ки дар иртибототи нақлиётиву коммуникатсионӣ ҳама гуна монеаҳои беасос ва сунъӣ, ки онҳо ба танзиму таҳкими ҳамкориву шарикӣ мусоидат намекунанд аз байн бардошта шаванд.

Дар робита ба ин, мо ба ҳамкориҳои минтақавӣ дар чунин бахшҳо мисли рушди инфрасохтор, татбиқи лоиҳаҳои роҳи оҳану автомобилгард, хатҳои интиқоли барқу лӯлаи газ таваҷҷуҳи хосса медиҳем.

Дар ин росто, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ба ҳайси яке аз вазифаҳои стратегӣ дар ҳама санадҳои барномавии марбут ба рушди миллӣ инъикос ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бунёд ва тавсеаи шабакаҳои роҳҳои автомобилгарди дохилидавлатӣ, ки моро бо нуқтаҳои асосии нақлиётиву коммуникатсионии минтақавӣ ва байналхалқӣ мепайванданд, фаъолона машғул аст. Як теъдод лоиҳаҳои роҳи оҳан, хатҳои интиқоли барқ ва лӯлаҳои газ, ки ба мо имконияти пайвастшавӣ бо инфрасохтори марбутаи Хитой, Афғонистон, Эрон, Туркманистон ва дигар кишварҳои минтақаро медиҳанд, дар ҳолати омодасозӣ ё баррасӣ қарор доранд.

Мо чунин мешуморем, ки татбиқи муваффақонаи ҳадафаҳои муайянгардида сафарбар намудани ҳамаи василаҳои заруриро тақозо мекунад, ки ин кор дар шароити таҳаввулоти зудтағйир дар муносиботи байналмилалӣ ва ба миён омадани буҳронҳои нав ба нав дар манотиқи мухталифи дунё кори басо душвор аст.

Аз ин рӯ, зарурати афзоиши ҳаҷми кумакҳои расмӣ ҷиҳати инкишоф ба миён меояд, ки он унсури муҳимми бо маблағ таъмин намудани рушд аст.

Чунин вазъ рушди босуръати тиҷорат ва сармоягузориро талаб мекунад, ки онҳо ҳамчун муҳаррикони асосии афзоиши истеҳсолот, мусоидату ҳавасмандгардонии интиқоли технологияҳои наву аз лиҳози экологӣ устувор амал мекунанд.

Дар хотимаи сухан бори дигар таъкид карданӣ ҳастам, ки Тоҷикистон минбаъд низ бо тамоми кишварҳои минтақа ва муассисаву барномаҳои Созмони Милал дар амри татбиқи муваффақонаи Ҳадафҳои Рушди Устувор фаъолона ҳамкорӣ хоҳад кард.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520