Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз хоҷагии деҳқонии "Шаҳзод"- и ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент

18.10.2015 18:27, шаҳри Панҷакент

Зимни сафари кории худ дар шаҳри Панҷакент Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагии деҳқонии "Шаҳзод"- и ҷамоати деҳоти ба номи Халифа Ҳасан дидан намуд.

Дар ин хоҷагии деҳкони 37 нафар саҳмдор, ки 7 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, фаъолият менамоянд. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ 23 гектарро ташкил медиҳад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ҳамасола хоҷагидорон дар ин хоҷагии деҳҳонӣ номгуи зиёди зироатҳои кишоварзиро корида, ҳосили дилхоҳи гандум, шолӣ, ҷав, ғалладонагиҳо, картошка, сабзавот ва беда ба даст меоранд. Тибқи иттилои сарвари хоҷагии деҳқонии Шаҳзод Фарҳод Муҳиддинов  ҳар сол аз ин хоҷагӣ 105 тонна сабзавот, 88 тонна картошка, 35 тонна гандум ҳосил ба даст меоранд. Хоҷагии дехқонии "Шаҳзод” ҳануз соли 2003 таъсис ефта, дар ихтиёри худ 23 гектар заминҳои обӣ дорад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидоронро ба истифодаи самараноки замин, истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва аз даромади софи хоҷагӣ харидорӣ кадани техникаҳои гуногун ҳидоят намуд.

Дар ҳамин ҷамоат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон намоишгоҳи маҳсулоти кишварзиро тамошо кард.

Дар ин намоишгоҳ 43 номгӯи маҳсулот, ки дастранҷи деҳконони шаҳр буд, ба маъраз гузошта шуд.

Гандум, ҷав, маккаи дон, нахуд, лубие, офтобпараст, картошка, помидор, бодиринг, пиез, сабзӣ, якчанд навъи ангур, себ, намудҳои гуногуни шолӣ ва асал аз ҷумлаи онҳо буд. 

Зимни тамошои намоишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хоҷагидорон, боғдорон ва занбуриасалпарваронро ба истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти хушсифат, рушди бахшҳо, ба иқлими минтақаҳои гуногуни мамлакат мутобиқ кардани меваю полезиҳо, пайвандсозии ниҳоли дарахтони мевадиҳандаю ороишӣ, содироти дастранҷашон ба пойтахт, Россия, Покистон ва дигар кишварҳои хориҷ, тавсияҳои муфид дод.

Инчунин Президенти мамлакат маслиҳат дод, ки ҳар як нафари ба хоҷагидорӣ машғул дар баробари парваришу истеҳсоли маҳсулот ба харидорон дар бораи хусусиятҳои табобатии меваю сабзавот маълумот дода тавонанд, зеро ҳамаи маҳсулоти хуштамъу болаззати диёри мо дорои хусусиятҳои хоси табобатӣ ҳастанд ва бе ягон маводи доруворӣ имкони шифо бахшидан ба аксари бемориҳо мавҷуд аст. 

Дар намоишгоҳ олимони академияи илмҳои кишоварзии мамлакат баъзе навъҳои маҳаллии шолии ихтироъкардаи худро муаррифӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон барои пешбурди кори деҳқонӣ барору комёбӣ таманно намуд ва барфи аввалине, ки имрӯз дар шаҳри Панҷакент борид барои кишоварзон манбаи файзу баракат арзёбӣ кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520