Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намоиши атлас ва адрас дар Қасри Арбоб

21.10.2015 20:52, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Пас аз анҷоми машварати корӣ бо фаъолону сокинони вилоят Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри Арбоб пеш аз иштирок дар чорабинӣ бахшида ба иди атласу адрас оромгоҳи қаҳрамони меҳнат Саидхуҷа Урунхоҷаевро зиёрат кард. Президенти мамлакат ва ҳайати ҳамроҳ барои ободию шукуфоии Ватан, сарҷамъии миллат ва якпорчагии сарзамин даст ба дуо бардоштанд.

Барномаи Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик - 2015» аз намоиши сару либосҳои гуногуни арусии бо зарҳал ороёфта, оғоз шуд. Дар саҳни ҳавлии қаср духтарони зебою қадраси тоҷик бо либосҳои хуштарҳу назаррабо пешвои хеш Эмомалӣ Раҳмонро бо самимият истиқбол гирифтанд.

Чорабинии фарҳангӣ - Фестивали вилоятии «Атлас ва адраси тоҷик - 2015» дар толори муассисаи давлатии Қасри Арбоб доир гашт.

Сутунҳои даромадгоҳи Қасри бошукуҳи Арбоб бо намудҳои гуногуни атласу адрас оро дода шуда, фазои инҷоро зебову дилрабо карда буд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат маҳсули дасти чеваронро тамошо карда, бо ҳунармандон, ки машғули атласу адрасбофӣ буданд, суҳбат кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори ин бонувони чирадаст баҳои баланд, дода онҳоро барои эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи шогирдон ва ҳарчи бештар тарғиб кардани либосҳои тоҷикӣ ҳидоят намуд. Дар толори пурнақшу нигори Қасри Арбоб тарроҳону дигар ҳунармандон барномаи мукаммали рангинеро бо муаррифии дастовардҳои соҳаи ресандагӣ намоиш доданд.

Чорабинии мазкур бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адраси тоҷик ва ба муносибати 21 - умин солгарди Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

9 нафар тарроҳ аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд либосҳои миллиро, ки аз навъҳои гуногуни атласу адрас духта шуда буданд, пешниҳоди ҳозирин намуданд. Дар ин ҳамоиш тарроҳон аз 30 номгу матоъи гуногуни атласу адрас куртаҳоро бо тарҳи милливу ҳозиразамон духта, пешкаши аҳли нишаст карданд.

Дар ин ҳамоиш либосҳои гуногуни духтаронаву писарона ва  кӯдакони то синни 8 сола муаррифӣ карда шуд.   

Маврид ба ёдоварист, ки дар вилояти Суғд 80 маркази атласу адрасбофӣ бунёд ёфтааст ва то охири сол ин шумора бояд ба 150 адад расонида шавад. Айни ҳол  наздики 600 нафар занону духтарон ба ҳунаромузӣ ҷалб гаштаанд, ки дар муддати кӯтоҳ ҳамчун мутахассис бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Дар вақти баҳодиҳӣ маҳсулоти дӯзандагӣ, зебоӣ, тарҳи либосҳои нотакрору ғайримуқаррарӣ, тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдузӣ, қуроқдузӣ, интихоби ашёи ороиш ва пардоз ба назар гирифта шуд.

Дар охири барномаи рангини ҳунарӣ, ки таърихи рушди санъати атлас ва адрасбофиро тавассути саҳнаҳо инъикос менамуд, аз руи шартҳои озмун, аз ҷумла беҳтарин атласи Гули бодом, беҳтарин либоси кудакона,  беҳтарин либоси рӯзмарраю расмӣ, беҳтарин либоси қадима ва беҳтарин адрас  ғолибон муайян шуданд. Ба иштирокчиёни муваффақ ва ғолиб барои бофтани атласу адраси хушсифат ҷоизаҳо дар ҳаҷми 10 ва 8 ҳазор сомонӣ муайн карда шуда буд, ки онро Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ тақдим кард.

Зимни суханронӣ дар ҷамъбасти фестивал Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ ва ифтихору хушҳолӣ иброз дошт, ки ин саҳнаву толори Қасри Арбоб барои ман азизу муқаддас аст.

Дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои олӣ вакилон бо интихоби  Сарвари хеш тақдири ояндаи давлати тоҷик ва сарҷамъии миллату якпорчагии Тоҷикистонро ҳал карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ғолибонро бори дигар бо комёбиашон табрику муборакбод намуда, бо итминон иброз дошт, ки ояндаи наздик мо тавассути ин ҳунармандон ба рушди соҳа, истеҳсоли ҳарчи бештари маҳсулоти хушсифати атласу адрас ноил мегардем.

Президенти мамлакат ба барномаи ҳунарӣ ва сару либоси тамошобинон, ки толорро бо ҳузурашон рангину гулистон карда буданд, баҳои баланд дод.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки ҳадаф аз баргузории намоиши атласу адрас дар вилояти Суғд, ки ин навъи санъат дар ин ҷо бештар рушд кардааст, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин, ба насли оянда пешкаш кардани ҳунари аҷдодӣ ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав гузаронида шуд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиён - тарроҳони ватанӣ барои пешниҳоди чунин як барномаи рангин изҳори сипос намуд ва таъкид кард, ки ҳадафи ҳукумати мамлакат аз таъсиси корхонаҳои дӯзандагию бофандагӣ, аввалтар аз ҳама бо ҷойи кори доимӣ таъмин кардани бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои миллию муаррифии он ба ҷаҳониён мебошад.

Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки фестивали атласу адрас минбаъд дар сатҳи вилоятӣ не, балки дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида шавад.  Ин пешниҳоди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби ҳозирин бо кафкубиҳои пурмавҷ пазироӣ карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520