Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд

23.10.2015 17:48, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент

Аз хабари бархӯрди автобуси мусофиркаш бо мошини боркаш дар наздикии шаҳри Либурни Ҷумҳурии Фаронса, ки боиси талафоти даҳҳо нафар шаҳрванди Фаронса гардид, сахт андӯҳгин гардидам.

Ба Шумо тасаллияти амиқ изҳор намуда, хоҳиш менамоям, ки эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикону пайвандони фавтидагон расонед».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520