Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи Тоҷикистону Япония

24.10.2015 13:11, шаҳри Душанбе

Тафсилоти масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Япония зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб баррасӣ шуд.

Доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва атрофи мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Япония барои дастгириҳои пайвастаи ин кишвар аз рушди иҷтимоии Тоҷикистон изҳори сипос карда, аз ҷумла тазаккур дод, ки бо кумаки техникию молиявии Япония дар Тоҷикистон беш аз 340 лоиҳаи иҷтимоӣ татбиқ шудааст.

Ба фаъолияти Агентии Япония доир ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ва Муколамаи «Япония + Осиёи Марказӣ» баҳои баланд дода шуд.

Аз ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ҳам изҳори қаноат карда шуд. Аз ҷумла ёдоварӣ шуд, ки аз соли 1993 ба ин сӯй 1800 мутахассиси Тоҷикистон дар курсҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар Япония таҳсил намудаанд. Дар ин давра бо кумаки Япония ҳамчунин даҳҳо муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта ва ё навсозӣ шудаанд.

Ҳамзамон бо ин, таъкид гардид, ки кунун бояд аз лоиҳаҳои кумаки техникию гуманитарӣ ба ҷалби сармояи мустақим ва қарзҳои имтиёзии Япония ба иқтисоди Тоҷикистон гузарем.

Дар ин замина ҳамкорӣ дар бахшҳои саноат, кӯҳкорӣ, энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои бунёдии иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари нахустин корхонаи муштараки Тоҷикистону Япония, ки бо номи «Аввалин» аз ҷониби соҳибкорони тоҷик ва ширкати японии Коки дар вилояти Хатлон таъсис ёфтааст, таъкид гардид, ки барои таъсиси шумораи зиёди корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон имконоти фаровон мавҷуд аст.

Барои рушди чунин ҳамгироӣ ҳамчунин ба имзо расондани созишномаҳо доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ташвиқу ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ зарур дониста шуд.

Рушди ҳамкории илмию техникӣ, аз ҷумла дар бахшҳои геология, гидрология, энергетика ва сейсмология судбахш номида шуд.

Тасмими Ҳукумати Япония доир ба таъини Сафири фавқулодда ва мухтори ин кишвар дар Тоҷикистон аз оғози соли 2016 мавриди истиқболи хуш қарор гирифт.

Гуфтугӯйи судманд доир ба мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла атрофи мушкилоти вобаста ба вазъи Афғонистон ва Шарқи Наздик, пешгирӣ аз хатарҳои афзояндаи терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.

Дар робита ба мавзӯоти вобаста ба Афғонистон доир ба имконоти иштироки якҷояи Тоҷикистону Япония дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ чун лоиҳаи энергетикии CASA-1000, лоиҳаҳои роҳсозӣ ва ғайра, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар ва кулли минтақа нигаронда шудаанд, табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520