Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

28.10.2015 18:35, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Ҷалолатмаоб,

Бо камоли андӯҳ хабари рух додани заминларзаро дар якчанд манотиқи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки сабаби ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва зарари бузурги моддӣ гардидааст, дарёфт намудам.

Бо ибрози ҳамдардии самимӣ ба мардуми бародари Афғонистон аз Худованди мутаъол масъалат дорам, ки ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ато фармояд».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520