Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

12.11.2015 15:33, Покистон

Баррасии масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф оғоз ёфта, зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Муҳаммад Навоз Шариф дар оғози суҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: Ташрифи Шумо боиси хушҳолӣ ва сарфарозии мост. Шумо Покистонро метавонед хонаи дуюми худ шуморед ҳамон гуна, ки мо Тоҷикистонро хонаи дуюми худ медонем. Ташрифи Шумо имкони дигаре барои таҳким ва густариши бештари робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ аст”.

Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Покистон изҳори сипосу хушнудӣ карда, доир ба аҳамияти муносиботи ду кишвар чунин гуфт: “Густариши ҳамкории гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон яке аз самтҳои асосии муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад ва барои кишвари мо имкониятҳои тиҷоративу иқтисодии Покистон, мавқеи геостратегӣ ва нуфузи он дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим арзёбӣ мегардад.”

Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, дифоъ, амният, илмию техникӣ ва фарҳангӣ гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки дар давоми 23 соли муносиботи дипломатӣ то ба ҳол беш аз 40 санади дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф ба имзо расидаанд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки гардиши мол миёни Тоҷикистону Покистон аз 18 миллиони доллар дар соли 1998 то 89 миллион доллар дар соли 2014 афзудааст.

Чунонки таъкид гардид, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика масъалаи меҳварии робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Покистон аст.

Навоз Шариф бинобар норасоии зиёди неруи барқ дар Покистон ба тезондани корҳо барои кашидани хатти барқии CASA-1000 мароқи зиёд зоҳир намуд.

Тибқи тасмими ду ҷониб ояндаи наздик миёни Тоҷикистон ва шаҳрҳои Исломобод, Лоҳур, Қарочӣ, Файсалобод ва Квейтаи Покистон бояд хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ  кушода шаванд.

Ба гуфти Навоз Шариф “Покистон омода аст, ки дарвозаи Тоҷикистон ба роҳҳои баҳрии ҷануб бошад”.

Сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан, иштироки ҷониби Покистон дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, сохтмони нерӯгоҳҳои обӣ ва кашидани хатҳои интиқоли барқ, маблағгузории лоиҳаҳои хурду миёнаи саноатӣ дар қаламрави Тоҷикистон ва барқарорсозии парвозҳои мустақим миёни ду кишвар аз соҳаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ номида шуд.

Ҳарду ҷониб терроризм ва ифротгароиро хатари ҷиддӣ ба амнияти ҳамдигар номида, омодагӣ ва ҳавасмандии ҷиддии худро ба таҳкими ҳамкорӣ дар ин соҳа таъйид доштанд. Дар ин робита қайд гардид, ки Тоҷикистону Покистон ба таҳкими амну субот дар Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ 8 санади нав ба имзо расид, ки заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Покистонро тақвият мебахшанд.

Нахуст зери Баёнияи муштарак оид ба натиҷаҳои сафари давлатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф имзо гузоштанд.

Санадҳои дигари имзошуда:

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истирдод;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;

- Ёддошти тафоҳум оид ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон;

- Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкорон миёни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи палатаи тиҷорат ва саноати Покистон;

- Барномаи ҳамкорӣ миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои тадқиқотии илмӣ ва саноатии Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба истифодабарии растаниҳои таҳҷоӣ ва ғайритаҳҷоии давоӣ барои тайёр намудани доруҳои гиёҳӣ;

- Барномаи ҳамкории илмӣ миёни Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Осорхонаи таърихи табиати Покистон.

Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз натиҷаҳои мулоқоту музокирот изҳори қаноат намуда, бори дигар ҳавасмандии ду кишвари дӯстро ба густариши бештари робитаҳои судбахш таъйид намуданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф муносиботи ду кишварро дар минтақа дорои ояндаи умедбахш номида, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Покистон ба густариши ҳамаҷонибаи робитаҳои судбахш бо Тоҷикистон амиқан ҳавасманд аст”.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Ҳарду ҷониб ҳамфикр буданд, ки ҳамкории фарох, фарогир ва созандаи ду кишвар ҷавобгӯи комили манфиатҳои дарозмуддати мардумони мо, густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар минтақа мебошад”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520