Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун

17.11.2015 10:25, шаҳри Душанбе

​Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро вобаста ба анҷоми мӯҳлати ваколаташ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди муносиботи ҳамкорӣ ва мавзӯъҳои муҳиму мубрами барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуданд.

​Дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мазмун ва сатҳи муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону кишвари ҳамсояи Чин изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Фан Сянжун барои ҳамкории пурсамар бо Ҳукумати Тоҷикистон дар давраи иҷрои вазифааш изҳори сипос намуд.

​Фан Сянжун дар навбати худ ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сиёсати дарҳои боз ҳамчун омили муҳими таҳкимбахшандаи равобити кишварҳо миннатдорӣ баён карда, бо итминон иброз дошт, ки минбаъд низ барои пешрафти Тоҷикистони ҳамсоя саъю талош меварзад.

​Дар вохӯрӣ инчунин дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб судманд баррасӣ шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520