Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби аввали Президенти ширкати Тотал Майкл Боррел

29.11.2015 23:05, Франсия

Шоми 29 ноябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия дар ҳошияи Конфронси 21 - уми Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Ноиби аввали Президенти ширкати Тотал Майкл Боррел мулоқот кард.

Дар ҷараёни мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкат баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар оғози суҳбат оид ба имкони фарохи ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои хориҷӣ дар самти ба роҳ мондани корҳои геологию ҷустуҷӯӣ ва истихроҷу коркарди нафту газ ва содироти захираҳои он ибрози андеша кард.

Ҷонибҳо бо дарназардошти имкониятҳои мазкур таъкид намуданд, ки ҳамаи ин тадбирҳо боиси натиҷаҳои мушаххас дар рушди бахши нафту гази Тоҷикистон хоҳад шуд.

Инчунин оид ба имкониятҳои дигари сармоягузорӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои ояндадори Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахшҳои саноат, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсол ва коркарду содироти маҳсулот таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520