Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар Конфронси 21 – уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим

30.11.2015 17:19, Франсия

Дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия Конфронси 21 – уми Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сатҳи баланд - Конфронси 21-уми тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим иштирок ва суханронӣ менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои байналмилалии иштирокчии конфронсро Президенти Ҷумҳурии Франсия Франсуа Олланд истиқбол гирифт.

Дар кори конфронс сарони беш аз яксаду панҷоҳ давлати олам иштирок доранд.

Конфронси 21 - уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйири иқлим аз 30 ноябр то 11 декабр дар шаҳри Париж баргузор мешавад.

Ба рӯзномаи кори конфронс баррасии масъалаҳои болоравии меъёри ҳарорат, коҳиш додани ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ, расондани кӯмак ба кишварҳои ру ба рушд ва дигар мушкилоти иқлим ворид карда шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520