Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок ва суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим (Конфронси 21)

30.11.2015 20:12, Франсия

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия дар нишасти сарони кишварҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим (Конфронси 21), ки ба мушкили бузурги сайёра - тағйирёбии иқлим бахшида шудааст, иштирок ва суханронӣ кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки нишасти имрӯза идомаи талошҳои пайгиронаи кишварҳои мо дар самти ташаккули низоми муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи афзоиши минбаъдаи партовҳои гулхонаӣ бо мақсади пешгирӣ аз он, андешидани чораҳо барои коҳиш додани раванди гармшавии иқлим ва пайомадҳои манфии тағйири он мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи миллии худро дар ҷавоб ба даъвати Созмони Милали Муттаҳид оид ба муқаррароти созишномаи Париж дар робита ба нигаҳдории ҳарорати миёнаи сайёра баён намуда, дар ин раванд дар доираи Гурӯҳи кории Дурбан ҳамкории дахлдорро ба анҷом расонид.

Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки "ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад ва соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо пайомадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд".

Дар идомаи сухан тазаккур дода шуд, ки 93 фоизи қаламрави Тоҷикистон кӯҳсор аст ва ин кӯҳистон яке аз манбаъҳои асосии оби Осиёи Марказӣ мебошад, зеро 60% оби минтақа аз пиряхҳои ин ҷо сарчашма мегирад. Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт: "Обшавии босуръати пиряхҳо бар асари тағйири иқлим ба раванди таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ ва ҳифзи захираҳои об таҳдиди ҷиддӣ дорад. Гуфтан кофист, ки аз 14 ҳазор пиряхҳои Тоҷикистон, ки барои тамоми минтақа аҳаммияти ҳаётӣ доранд, дар давоми 30 соли охир беш аз 1000 пирях ба нобудӣ расидааст ".

Ба иттилои Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст. Ин падида ҳар сол сабабгори хароб гаштани иншооти зиёди иқтисоди миллӣ ва хисороти бузурги моддӣ ба аҳолӣ мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки "танҳо тобистони соли равон бар асари офатҳои табиии вобаста ба об ба аҳолии Тоҷикистон ва иқтисодиёти мамлакат ба садҳо миллион доллари амрикоӣ зарари моддӣ расид. Мутаассифона, ин ҳодисаҳо боиси талафоти зиёди ҷонӣ низ гардиданд ".

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард, ки "Ҳолати кунунии муҳити зист дар ҳавзаи дарёҳои фаромарзӣ ба сабаби афзоиши тадриҷии аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни рушди саноат, густариши пайвастаи масоҳати заминҳои обӣ, фарсуда гардидани шабакаҳои обёрӣ, истифодаи ғайрисамараноки захираҳои об ва нокифоя будани имкониятҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ метавонад бештар осебпазир гардад ".

Эмомалӣ Раҳмон қайд намуд, ки "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он то имрӯз барои такмили қонунгузорӣ, сиёсати давлатӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳамоишҳои тарафҳои Конвенсия тадбирҳои амалӣ андешида, бо шарикони байналмилалии худ дар ин росто фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Тоҷикистон дар ҷараёни таҳияи тарҳи созишномаи нав оид ба тағйирёбии иқлим бо котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйири иқлим ҳамкории фаъол дорад. Кишвари мо Гузориши сеюми миллии худро ба котиботи Конвенсия ҳанӯз соли 2014 пешниҳод карда буд. Инчунин Стратегияи миллии кишвар оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таҳия мегардад, ки қабули он дар аввали соли 2016 пешбинӣ шудааст".

"Кишвари мо, -изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон, - ба истифодаи пурсамари манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия, алалхусус гидроэнергетика, ки ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, мутобиқшавии аҳолӣ ба тағйирёбии иқлим ва ташаккули «иқтисоди сабз» мусоидат менамояд, таваҷҷуҳи хос медиҳад. Ҳамзамон бо ин, бунёди иншооти гидроэнергетикӣ ба коҳиши хавфи офатҳои табиии вобаста ба об бештар мусоидат мекунад. Аз ин рӯ, рушди соҳаи гидроэнергетика аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад ".

Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки ба ин мақсад, Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалии худ таъмир, навсозӣ ва сохтмони нерӯгоҳҳои обиро идома дода, барои рушди шабакаҳои интиқоли барқ ҳам дар дохили кишвар ва ҳам ба мақсади пайвастан бо дигар кишварҳои минтақа чораҳои амалӣ меандешад.

Бо дарназардошти аҳамияти ҷаҳонии рушди энергияи таҷдидшаванда Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, бо истифода аз захираҳои фаровони обии худ, ба роҳ мондани ҳамкории шаффофи минтақавӣ ва байналмилалиро бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир омили муҳими мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим меҳисобад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори умедворӣ намуд, ки "Бино бар аҳамияти маблағгузорӣ дар раванди тағйири иқлим, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди гидроэнергетика дар Тоҷикистон ва ташаккули шароити мусоиди табодули энергияи таҷдидшаванда миёни кишварҳо метавонад ба пастшавии сатҳи партови газҳои гулхонаӣ дар минтақа мусоидат намояд ".

“Дар ин замина, Тоҷикистон ба муваффақияти Фонди Иқлими Сабз барои кӯмак дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, Фонди мутобиқшавӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар ин самт манфиатдор аст”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба истифодаи пурсамари захираҳои об, ки дар раванди тағйири иқлим бештар осебпазир мебошанд, ҳарф зада, бори дигар аз пешниҳоди худ, ки аз минбари СММ садо дода буд ёдовар гашт ва изҳор дошт: "Имконияти хуби ҳамкорӣ дар ростои истифодаи ҳадафманди захираҳои об метавонад дар доираи эълони даҳсолаи нав таҳти унвони “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, фароҳам ояд. Тасмимҳои ин Конфронс ва тадбирҳои даҳсолаи нави байналмилалӣ метавонанд дар амри дастрасӣ ба ҳадафҳои муштарак барои нигаҳдории иқлим, ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар сурати ба роҳ мондани тадбирҳои ҳамоҳангшуда мусоидат намоянд ".

Сарвари давлати Тоҷикистон бо истифода аз ин фурсати муносиб бори дигар таъкид намуд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади ба роҳ мондани ҳамкории фарогир ва дастаҷамъона барои коҳиши партови газҳои гулхонаӣ ба муҳит ва мутобиқшавӣ ба тағйири иқлим ба санади дахлдори мавриди эътирофи ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ниёз дорад. Ба назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он санад бо назардошти омилҳои таъсиргузор, пеш аз ҳама, бояд низоми маҳдуд сохтани партови газҳои гулхонаӣ ва ташвиқи минбаъдаи коҳиш додани партовҳо нигоҳ дошта шавад. Дар ҳамин ҳол хусусияти минтақавӣ касб кардани тадбирҳои амалӣ самараи бештар хоҳад дошт.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон "ба роҳ мондани ҳамкории фарогир миёни кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, идомаи муколамаи ҷонибҳои манфиатдор, рушди энергияи таҷдидшаванда ва иҷрои чораҳои ҳамгироёна дар раванди тағйири иқлим омилҳои муассири дастрасӣ ба ҳадафҳои аслӣ шуморида мешаванд".

Ҳамзамон бо ин, қайд намуд Эмомалӣ Раҳмон "ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди шабакаҳои миллии баҳисобгирии газҳои гулхонаӣ, такмили пажӯҳишҳои иқлимӣ, татбиқи фановариҳои “сабз” ва ба таълими касбӣ фаро гирифтани кормандон дар ин раванд нақши муҳим хоҳад дошт ".

Сарвари давлати Тоҷикистон ба боздоштани таназзули минбаъдаи муҳити зист дар ҳавзаи баҳри Арал таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид дошт, ки "ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва заминҳои кишт ва таъмини устувории муҳити зист амалӣ намудани чораҳои таъхирнопазирро талаб менамояд".

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти суханронии худ изҳори умедворӣ кард, ки давлатҳои пешрафта, сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои дигари байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ниҳодҳои бонуфузи молиявӣ дар ҳалли масъалаҳои муҳими мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва паст кардани шиддати он ҳамкории худро минбаъд низ дареғ намедоранд ва дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо дорад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520