Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер

01.12.2015 21:32, Белгия

Имрӯз дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Президенти Комиссияи Аврупо Жан Клод Юнкер мулоқот кард.

Дар мулоқот масоили рушди муносиботи ҳамкории Тоҷикистону Комиссияи Аврупо баррасӣ гардид.

“Тоҷикистон ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷабҳа бо Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва робитаҳои устувори дӯстонаро бо Иттиҳоди Аврупо яке аз самтҳои асосии сиёсати хориҷии худ меҳисобад ", -изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон .

Ҷонибҳо аз рушди мунтазами муносибатҳои фарогири доираи васеи робитаҳои судманд дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо фаъолияти механизмҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла зарурати тавсеаи Барномаи Иттиҳоди Аврупо барои идоракунии сарҳадот дар Осиёи Марказӣ (БОМКА) ва назорат аз болои маводи мухаддирро (КАДАП) воситаи хуби таҳкими муносиботи ҳамкорӣ арзёбӣ карданд.

Ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, бунёди як қатор неругоҳҳои барқи обӣ ва хатҳои интиқоли барқ аз ҷумлаи тарҳи КАСА-1000, татбиқи лоиҳаҳои калонмиқеси нақлиётию энергетикӣ,  ки ба пайвастани шабакаҳои минтақавии барқӣ ва боркашонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ нигаронида шудаанд,  мавриди таваҷҷӯҳи хоси ҳамсуҳбатон буд.

Дар мулоқот инчунин масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм, муқовимати муштарак бо хатару чолишҳои глобалии муосир ва дигар мавзӯъҳои муҳими ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520