Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Директори идоракунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Туркия ва Осиёи Марказӣ хонум Наталя Ханженкова

08.12.2015 11:49, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идоракунандаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба Туркия ва Осиёи Марказӣ хонум Наталя Ханженковаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ин бонки аврупоӣ баррасӣ гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ин мулоқотро омили муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ арзёбӣ намуда, аз дастгирии доимии Тоҷикистон дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар бахши хусусӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва бонкҳои тиҷоратӣ изҳори қаноат кард.

Ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориро дар бахшҳои инфрасохтор, обтаъминкунӣ, низоми бонкдорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ ва проблемаҳои дорои хислати минтақавӣ баррасӣ карданд.

Дар мулоқот инчунин масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии рушди устувори энергияи муосир баррасӣ гардида, доир ба иштироки бонки мазкур дар татбиқи лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ оид ба бунёди роҳҳои оҳану мошингард, нерӯгоҳҳои барқӣ ва хатҳои интиқоли нерӯи барқ, аз ҷумла лоиҳаи хатти баландшиддати барқии CASA-1000, гуфтугӯ сурат гирифт.

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520