Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

10.12.2015 17:31, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз гурӯҳи сафирони нави кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо эътимоднома қабул намуд.

Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин Ю Э Бин, Ҷумҳурии Ҳиндустон Бираҷа Прасад, Ҷумҳурии Литва Витаутас Наудужас,Ҷумҳурии Латвия Эдгарс Бондарс, Испания Педро Хосе Санз Серрано, Ҷумҳурии Филиппин Даниел Рамос Эспириту, Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Носир Бушерит ва Ҷумҳурии Гвинея Бангалӣ Диахабӣ эътимодномаҳои худро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро барои оғози фаъолияти дипломатӣ дар Тоҷикистон табрик намуд.

Президенти мамлакат бо итминон иброз дошт, дар доираи сисёсати дарҳои боз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад ва омода аст, ки бо тамоми кишварҳои дунё - бидуни истисно - муносибатҳои дӯстиву ҳамкории мутақобилан судманд дошта бошад.

Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди муносибатҳо ва робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо андешаронӣ карда, изҳори умед намуд, ки сафирон барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибот ва ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои худ бо Тоҷикистон бо баҳрабардорӣ аз имкониятҳои истифоданашуда ҷаҳду талош мекунанд.

Рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи муассир, авлавиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими равобит бо кишварҳо, муносиботи сохторҳои соҳибкорӣ ва мақомоти давлатии Тоҷикистону кишварҳо аз масъалаҳои асосии суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо сафирони нав буд.

Инчунин таъкид гардид, ки кишварҳои Аврупо, Осиё ва Африқо, имрӯз дар сафи дӯстону шарикони давлату мардуми Тоҷикистон қарор доранд. Ин робитаҳо барои рушду таҳкими минбаъда майдони фарох доранд ва мо дар ин ҷода аз фаъолияти дипломатии Шумо, самараҳои неку назаррасро интизорем, таъкид намуд дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520