Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев

16.12.2015 14:13, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Нурсултон Абишевич,

Сарфарозам, ки Шумо ва тамоми мардуми кишварро бо 24-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Қазоқистон табрик менамоям.

Ба сатҳи муваффақонаи шарикии Тоҷикистону Қазоқистон дар солҳои охир баҳои баланд дода, мехоҳам азмамонро дар мавриди равона кардани тамоми кӯшишҳои зарурӣ барои тавсеаи ҳамаҷониба ва тақвияти ҳамкории мутақобилан судманд миёни ду давлат, ки ба баробарҳуқуқӣ, эҳтироми тарафайн ва ҳавасмандии ҷонибҳо асос ёфтааст, изҳор намоям.

Муътақидам, ки дар якҷоягӣ мо метавонем он тавофуқотеро, ки зимни сафари расмии каме қаблии Шумо ба Тоҷикистон ба даст омаданд, дар амал татбиқ намоем ва бо роҳи ҳамкории дуҷониба ба пеш ҳаракат кунем.

Муҳтарам Нурсултон Абишевич, таманниёти самимонаи маро дар мавриди тансиҳатии комил, рафоҳат ва комёбиҳои минбаъда ба Шумо ва ба мардуми бародари Қазоқистон-сулҳу шукуфоӣ қабул фармоед».

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520