Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ

04.01.2016 17:21, Арабистони Саудӣ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқоти судбахш анҷом дод.

Аз ҳамкории бисёрсола ва босамари Тоҷикистону Бонки исломии рушд ҳарду ҷониб изҳори қаноат карданд.

Чунонки ёдоварӣ шуд, аз ҷониби ин бонк ба маблағи наздики 325 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон  қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона шудаанд.

Ҳоло маблағи умумии лоиҳаҳои фаъол, ки бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маорифро фаро мегиранд,  зиёда аз 190 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба иқдоми Бонки исломии рушд доир ба ҷудо намудани 70 млн. доллари амрикоӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 баҳои баланд дода шуд.

Барои иштирок дар маблағгузории навсозии қитъаи Шоҳон-Зиғари роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва дигар лоиҳаҳои басо муҳим низ арзи сипос карда шуд.

Дар посух ба ниёзмандиҳои Тоҷикистон Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳор дошт, ки дар наздиктарин фурсатҳо гурӯҳи кории Бонки исломии рушдро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки бо оқибатҳои заминларзаи шадид дар Бадахшон ва дигар офатҳои табиӣ ва ҳамчунин бо лоиҳаи навсозии қитъаҳои Кӯлоб-Шӯрообод ва Шкев- Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз аз наздик шинос шуда, барои расондани кумакҳои фаврӣ ва маблағгузории навсозии роҳи мазкур тадбирҳо андешида шаванд.

Зимни гуфтугӯйи судманд ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории гуногунҷанба ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520