Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон

12.01.2016 11:34, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осифро, ки бо ҳайати расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Покистон баррасӣ шуд.

Мо ба ояндаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди миёни Тоҷикистону Покистон хушбин ҳастем ва тамоми кӯшишу талоши заруриро барои рушду тавсеаи онҳо ба харҷ медиҳем - таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Вазири федеролии захираҳои об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф низ дар навбати худ изҳор дошт, ки «Дар вокеъ сафари давлатии ба наздикӣ анҷомдодаи Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле гарму самимӣ ва пурмуҳтаво буд. Зимни он суҳбатҳои судманд анҷом ёфта, доираи васеи масоили дуҷонибаи кишварҳоямон муҳокима шуд ва натиҷаҳои пурбор ба даст омаданд».

Ҷонибҳо ҷоннок намудани фаъолияти Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва инфрасохторро, ки бо қарори якҷояи роҳбарони ду давлат таъсис дода шудааст, амри зарурӣ донистанд.

Таъкид гардид, ки оғози татбиқи лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ - сохтмони хатти интиқоли барқи CASA-1000 нақши басо муҳим дорад ва Тоҷикистон барои густариши ҳамкории зич ва ҷалби сармояи покистонӣ, қабл аз ҳама дар соҳаи инфрасохтор ва гидроэнергетика, ҳамаҷониба омода аст.

Дар ҷараёни суҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ вобаста ба сохтмони роҳҳои мошингарду оҳан ва барқарор сохтани парвозҳои мустақим байни ду кишвар, иштироки ширкатҳои Покистон дар сармоягузории лоиҳаҳои гуногуни энергетикӣ, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ҷалби ширкатҳои Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои мухталиф дар Покистон, ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидори мудофиавӣ, пурзӯр намудани ҳифзи сарҳадоти мо бо Афғонистон ва мубориза бо терроризм баррасӣ шуд.

Дар охири гуфтушунид Муҳаммад Осиф ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки «бо дастури Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф мехоҳам ҳамдардии Ҳукумат ва мардуми Покистонро нисбати заминларзаи шадиди соли гузашта дар Бадахшон рухдода, ки дар натиҷаи он хисороти калон ба вуҷуд омад, расонам ва ҳамчунин кӯмаки башардӯстонаи Покистонро ба маблағи як миллион доллари ИМА пешниҳод намоям».

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520