Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 26 январи соли 2016 №6
ш. Душанбе

Дар бораи баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 


Мутобиқи моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, №250 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
«Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр»;
«Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»;
- сархати зерин хориҷ карда шавад:
«Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон».
2. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 30 майи соли 2015, №363 «Дар бораи таъсиси Ҷамъияти саҳомии холдингии кушодаи «Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон»;
- аз 21 июли соли 2014, №481 «Дар бораи Холиқов Р.И.».
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқи ба қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида таклиф пешниҳод намояд.


Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520