Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири давлатии Британияи Кабир Десмонд Свейн

17.02.2016 11:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии рушди байналмилалии Британияи Кабир Десмонд Свейнро ба ҳузур пазируфт.

​Дар мулоқот масоили таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистон бо Британияи Кабир баррасӣ шуд.

“Ҳоло миёни Тоҷикистон ва Британияи Кабир робитаҳои устувори дӯстию ҳусни тафоҳум ва ҳамкории судманд ба роҳ монда шудааст, ки боиси қаноатмандии мост” — таъкид дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳо табодули андеша карда, барномаҳои соҳаҳои кишоварзӣ ва обёрӣ, таъминоти иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисоди деҳот, бахши хусусӣ, диверсификатсияи иқтисодиёти Тоҷикистон ва таъсиси ҷойҳои нави кориро афзалиятнок донистанд”.

Зимни мулоқот ҷонибҳо аз таҳкими робитаҳои парлумонӣ, таъсиси Гурӯҳи дӯстии миёни мақомоти қонунгузории ҳарду кишвар, ташкили  барномаҳои омӯзиши теъдоди муайяни ҷойҳои таълимии яксола дар донишгоҳҳои таҳсилоти олии Британияи Кабир ва рушди ҳамкории фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Британияи Кабир барои дастгирӣ аз татбиқи амалии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 ва ҷудо намудани 37 млн. доллари амрикоӣ барои ин ҳадаф арзи сипос намуд.

Мусоидат ба таъмини амну суботи минтақавӣ, дарёфти роҳҳои ҳалли фарогири қазияи Афғонистон дар муносибатҳои ҳамкории ҳарду кишвар аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Дар мулоқот инчунин вобаста ба таъсири бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои барои ҳарду ҷониб муфид гуфтугӯйи судманд  доир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520