Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҳил Шариф

01.03.2016 18:12, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон Раҳил Шарифро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот маҷмуъи васеи масоили ҳамкории сиёсию низомии Тоҷикистону Покистон баррасӣ гардид.

“Мо аз сатҳи таҳкими ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ, ки бар ҳамдигарфаҳмию эҳтироми манофеи ҳарду ҷониб асос ёфтаанд, қаноатманд мебошем” - таъкид дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо роҷеъ ба вазъу дурнамои равобити сиёсӣ ва низомии ду кишвар табодули андеша карда, ҳамкории артишҳои миллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Покистонро барои мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши маводи мухаддир муҳим маънидод намуданд.

Баргузории мунтазами музокироти сатҳи олӣ омили муассири тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар ва фароҳам овардани заминаи мусоид дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, фарҳанг, илм, маориф, энергетика, пешбурди муштараки лоиҳаҳои зерсохторӣ барои тавсеаи ҳамгироии минтақавӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи CASA-1000 ва таъмини амнияту субот муҳим арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот инчунин оид ба дигар мавзӯъҳои робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, ки бар нафъи халқҳову давлатҳо равона гардидааст, гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520