Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Ширкати “Поли Технолоҷӣ” - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Лин

14.03.2016 18:54, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Ширкати “Поли Технолоҷӣ” - и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Линро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд.

“Мо аз сатҳи ҳамкориҳо ва рушди муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки дар асоси анъанаҳои неки дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми накуи ҳамҷаворӣ сурат мегирад, қаноатманд ҳастем” - таъкид дошт дар ҷараёни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо дар рафти мулоқот масъалаҳои рушди бахши энергетика, бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ, татбиқи лоиҳаҳои гуногун, пешрафти соҳаҳои саноат ва сохтмонро баррасӣ карданд.

Таъкид гардид, ки бо истифода аз технологияи муосир ва захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон имкон аст, барои тараққиёти босуръати бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар саҳм гузошта шавад.

Аз иштироки фаъоли ширкатҳои бонуфузи чинӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими дорои аҳамияти минтақавӣ изҳори қаноат карда шуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо инчунин дигар мавзуъҳои барои ҳар ду ҷониб судмандро баррасӣ карданд.

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520