Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусман

14.03.2016 20:27, шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир изҳори ақида карда, зикр намуд, ки ВАО дар ташаккули афкори умум ва идора кардани он нақши калидӣ доранд, бино бар ин мо тамоми чорабиниҳоеро, ки ба ҳамкорӣ дар ин самт нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.

Вобаста ба воқеаҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза, дар Шарқи Наздик, хусусан дар наздикии сарҳади ҷанубии ИДМ рух медиҳанд, ҳамкории самарабахши ВАО-и давлатҳои мо дар самти муқовимат ба тарғиботи таҳрифкоронаи қувваҳои терроризми ҷаҳонӣ ва ифротгароии диниву мазҳабӣ ниҳоят муҳим аст. 

Дар рафти мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои гуногун, аз қабили муносиботи стратегии Тоҷикистону Русия, нақши Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мавзуъҳои ҷолиб табодули афкор сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520