Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти ибратбахши Хоҷагии деҳқонии «Саъдулло» дар деҳаи Гулпарвари ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ

15.03.2016 12:19, ноҳияи Рӯдакӣ

Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Гулпарвари ҷамоати деҳоти Чимтеппа ташриф оварда, бо фаъолияти ибратбахши Хоҷагии деҳқонии «Саъдулло» шинос шуд.

Дар назди гармхонаи хоҷагӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст намоишгоҳи дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳияро тамошо кард.

Дар ин ҷо маҳсули дасти деҳқонони ризқофар, ҳунарҳои дастӣ ва анъанаҳои хоси наврӯзӣ ба маъраз гузошта шуда буд.

Зимни шиносоӣ бо комёбиҳо Президенти мамлакат ҷиҳати равнақи соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи иқтидорҳои истифоданашудаи аграрии ноҳия ба хоҷагидорон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар гармхонаи Хоҷагии деҳқонии «Саъдулло», ки роҳбараш деҳқони ботаҷриба Ҳалим Солиев мебошад, бо парвариши помидор шинос шуд.

Тавре маълум гардид, хоҷагии мазкур дар ихтиёри худ 1,5 гектар замин дошта, 15 сол боз ба парвариши помидору бодиринги барвақтӣ ва кӯчати ин навъи зироат машғул мебошанд.

Дар айни замон дар ин хоҷагӣ 27 нафар, аз ҷумла 13 аъзои оилаи Ҳалим Солиев бо кор таъмин буда, музди миёнаи коргарон аз 750 сомонӣ то 1500 сомониро ташкил медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз хоҷагӣ, кори аъзои хоҷагиро қобили таҳсин хонда, ба масъулини ноҳия бобати васеъ кардани майдони гармхона ва истеҳсоли маҳсулоти барвақтӣ дастур дод.

Дар гармхона айни замон 35 ҳазор бех помидор шинонида шуда, нашъунамои хуб дорад.

Аз руи иттилои роҳбари хоҷагӣ Ҳалим Солиев даромади софи яксолаи хоҷагӣ аз ҳисоби фуруши помидору бодиринг 300 то 350 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин ҳисоб баробари харҷи маблағ дар корҳои хоҷагидорӣ дар пайравӣ ба сиёсати инсонпарваронаи Президенти мамлакат ҳамасола наздики 100 ҳазор сомонӣ ба мактаб - интернатҳо ва дигар табақаҳои ниёзманди ноҳия хайр карда мешавад.

Барои фаъолияти намунавӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари хоҷагӣ изҳори сипос намуд.

Барои гарм кардани гармхона аъзои хоҷагӣ аз ангишт истифода мебаранд ва талабот дар як сол ба ин намуди сӯзишворӣ 700 тонна мебошад.

Роҳбари давлат ба ин усули парвариши помидору бодиринг таваҷҷуҳ зоҳир карда, истифодаи неъматҳои табиии худӣ, аз ҷумла ангиштро судовар маънидод кард.

Ҳангоми шиносоӣ бо таҷрибаи барзгарони Хоҷагии деҳқонии «Саъдулло», Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Рӯдакиро пойгоҳи калони таъмини сокинони пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ арзёбӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати истеҳсоли ҳарчи зиёди маҳсулоти барвақтии воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо дод.

Ҳамин тавр баъди шиносоӣ бо фаъолияти пурсамари Хоҷагии деҳқонии Саъдулло сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рӯдакӣ анҷом ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520