Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Олӣ Наҳён

16.03.2016 19:44, Аморати Муттаҳидаи Араб

Дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ аз Масҷиди ба номи Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён боздид ба амал овард.

Дар даромадгоҳи масҷид ходимони масъул Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо эҳтироми хос истиқбол гирифта, зимни шиносоии бино меҳмони олиқадрро ҳамроҳӣ намуданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо нишони эҳтиром дар назди оромгоҳи Шайх Зойид, ки дар паҳлуи ҳамин масҷид ҷойгир аст, дуову фотеҳаи нек карданд.

Ёдовар мешавем, ки зимни нахустин сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли 1995 бо асосгузори Аморот Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён мулоқот карда буд.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки масҷид соли 2007 ба ифтихори Асосгузор ва якумин Президенти Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Шайх Зойид ибн Султон Оли Наҳён сохта шудааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520