Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири кулли ширкати “Мубодала” Халдун Халифа Ал-Муборак

16.03.2016 19:45, Аморати Муттаҳидаи Араб

Имрӯз ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ Мудири кулли ширкати «Мубодала» Халдун Халифа Ал-Муборакро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷарёни мулоқот масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Аморот ва ширкатҳои бонуфузи ин кишвар баррасӣ гардид.

“Мо стратегияи дарозмуддати рушди миллиро ба неруи мутахассисони соҳибтаҷрибаи дохилӣ ва мусоидати муассисаҳои бонуфузи байналмилалӣ таҳия ва қабул намудем” таъкид дошт зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва бо боварӣ иброз намуд, ки иштироки фаъоли ширкатҳои Аморот дар татбиқи ин барнома ҷавобгӯи ҳадафҳои муштарак хоҳад буд.

Инчунин таъкид гардид, ки дар Тоҷикистон беш аз 400 барномаи гуногуни инвеститсионӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисод ва инфрасохтори иҷтимоӣ таҳия гардидааст ва барои ҷалби сармояи хориҷӣ заминаҳо бо имконияту афзалиятҳои мусоид мавҷуд аст.

“Мо ҳавасманди ҳамкории шарикии дарозмуддат ба манфиати ҷонибҳо ҳастем”, таъкид намуд дар навбати худ Мудири кулли ширкати «Мубодала» Халдун Халифа Ал-Муборак ва илова кард, ки ба наздикӣ як ҳайати бонуфузи ҳукуматӣ таҳти сарварии Вазири иқтисоди Аморот барои омӯзиши имкониятҳои мавҷуда ба Тоҷикистон сафар мекунад. Баъди шиносоӣ имкон пайдо мегардад, ки барои муайян кардани самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъдаи      Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб барномаи махсус таҳия ва татбиқ карда шавад.

Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳоро дар бахшҳои ояндадор, аз қабили гидроэнергетика, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти хушкмева, сабзавоти тару тоза, бунёди инфрасохтору рушди соҳаи туризм, истифодаи пурсамари имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга, ашёи хоми стратегӣ ва дигар неъматҳои моддии Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Зимни мулоқот инчунин вобаста ба дигар мавзуъҳои барои тарафҳо манфиатбахш гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520