Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири кулли Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона Муҳаммад Ҳоҷӣ Ал - Хури

16.03.2016 20:36, Аморати Муттаҳидаи Араб

Нимаи дуюми рӯзи 16 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Абу Забӣ Мудири кулли Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона Муҳаммад Ҳоҷӣ Ал - Хуриро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Тоҷикистон бо ниҳодҳои мухталифи Аморот баррасӣ гардид.

“Аз мулоқоти дӯстона ва созанда бо Шумо қаноатмандам ва умедворам, ки мо муколамаи неку хайрхоҳонаи худро дар Тоҷикистон бо татбиқи лоиҳаҳои гуногун идома хоҳем дод” таъкид дошт дар ҷараёни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Муассисаи хайриявии Халифа бин Зойид Олӣ Наҳён оид ба корҳои башардӯстона, ки барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшони Тоҷикистон кумаки беғаразона расондааст, изҳори сипос кард.

Ҷонибҳо оид ба имконоти васеи таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои барои тарафҳо манфиатбахш, мусоидати дӯстона ва башардӯстонаи Аморот баҳри пешрафти иқтисоди кишвари мо, истифодаи захираҳои бузурги табиӣ, илмӣ-техникӣ ва инсонии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои стратегии иқтисодӣ бо ҷалби сармояи ин давлати дӯст изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин имконоти дигари маблағгузорӣ барои амалӣ кардани лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои гуногуниқтидори барқи обӣ, барномаҳои рушди соҳаҳои саноати ранга, сабук ва хурокворӣ, сохтмон, кишоварзӣ, коммуникатсия, бонкдорӣ, рушди туризм ва маорифу тандурустӣ низ судовар маънидод гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520