Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи сафари расмӣ дар шаҳри Дубай

17.03.2016 15:51, Аморати Муттаҳидаи Араб

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳри Дубай ташриф овард.

Дар назди қароргоҳи Сарвазири Аморот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ноиби Президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазири Аморот, Ҳокими шаҳри Дубай, Вазири мудофиа Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум истиқбол гирифт.

Масоили дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Аморот дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Муҳаммад бин Рашид Оли Мактум ва бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид.

Ҳокими шаҳри Дубай меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташрифи расмиаш ба ин сарзамин хайрамақдам гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти олии кишвари дӯсти Амороти Муттаҳидаи Араб ҷиҳати пазироӣ ва ҳусни накуи меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд.

“Мулоқоту вохӯриҳои имрӯзаро фурсати муносибе барои баррасии ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои байни кишварҳоямон медонем ва умедворем, ки натиҷаҳои онҳо ба муносибатҳои судманду хайрхоҳонаи байни Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб тобишу такони тоза хоҳанд бахшид” таъкид дошт зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар ду ҷониб бо он ҳамақида буданд, ки барои рушди бахшҳои энергетика ва об, нақлиёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва истихроҷи маъдан имкониятҳои зиёде вуҷуд дорад. 

Тавсеаи ҳамкориҳо дар ҷодаи бонкдорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ташкили корхонаҳои муштараки шаклҳои гуногуни фаъолият, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ  низ зарур шумурда шуд.

Сармоягузорӣ дар бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии гуногуниқтидор ва нақшаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ аз дурнамои неки ҳамкориҳо маънидод гардид.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили ҳамкорӣ, инчунин вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишварҳо, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъмини амнияти минтақа, дарёфти роҳҳои ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ андешаронӣ карданд.

 

 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520