Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ифтитоҳи бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара

24.03.2016 09:01, шаҳри Исфара

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Исфара боздид ба амал овард.

Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ бо шароити бино ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, сохтмони ин иншоот дар доираи лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» амалӣ гардид.

Бинои маъмурии прокуратураи шаҳри Исфара дар масоҳати умумии 240 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 3,4 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

Аз ин маблағ 62 ҳазору 200 сомонӣ аз буҷаи маҳаллии ҳокимияи давлатии шаҳри Исфара ҷудо гардидааст.

Корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Созанда” бо сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ иҷро кардааст.

Бинои мазкур аз таҳхона, 11 ҳуҷраи кории бо тамоми лавозимот муҷаҳҳаз иборат мебошад. Иншоот ҳамзамон ба шабакаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.

Дар ҳудуди иншоот дарахтони мевадиҳанда ва гулу гулбуттаҳо, бо таҷҳизоти гуногуни равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст, ки ба ҳусни шаҳри Исфара зебогии дигар зам мекунанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин бинои муосирро бо тамоми таҷҳизот ба кормандон муборакбод гуфта, онҳоро барои иҷрои садоқатмандонаи вазифаҳояшон ва таъмини волоияти қонун ҳидоят кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520