Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии ҶДММ “Афзали Зарзамин” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

26.03.2016 10:16, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҷамоати деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти фермаи чорводории инноватсионии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  “Афзали Зарзамин” шинос шуд.

Тавре иттилоъ доданд, бинову иншооти фермаи чорводории инноватсионии корхонаи «Афзали Зарзамин» пурра навсозӣ гардида, дар он  муосиртарин дастгоҳу таҷҳизот васлу насб карда шудааст.

Дар ин ҷо 18 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, музди миёнаи меҳнати онҳо 1200 сомониро ташкил медиҳад. Аксари коргарон дар Олмон таҷриба омӯхтаанд.

Иқтидори дастгоҳу таҷҳизоти ширҷӯшии корхона барои 324 сар моли калони шохдор пешбинӣ шудааст. Дар як шабонарӯз аз ҳар як сар модагов 26 литр ва дар маҷмуъ 1700 литр шир ҷушида мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки давоми 5 соли оянда саршумори модаговҳои ҷушоиро ба 1000 сар расонанд. Тавре иттилоъ доданд, аз ҳар сар модагов дар як сол 6 ҳазор литр шир ҷушида мешавад.

Зимни шиносоӣ масъулини хоҷагӣ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки феълан дар ин ҷо 320 сар моли калони шохдор, аз ҷумла 130 сар чорвои зотии ширдеҳи Симменталии олмонӣ нигоҳубин карда мешавад. Дар давраи наслгирӣ аз 122 сар модагови зотӣ 100 сар насл гирифта шудааст.

Дар фермаи мазкур таваллудхона барои нигоҳдории гусолаҳои навзод, гусолаҳои аз дусола калон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари зоти олмонӣ хоҷагӣ дорои 50 сар чорвои калони шохдори сиёҳало мебошад. Маҳсулоти фермаи ширию молии «Афзали Зарзамин»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар корхонаҳои саноатии вилоят коркард шуда, ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат фурухта мешавад.

Фаъолияти чунин хоҷагиҳо имкон медиҳад, ки саршумори зоти ширдеҳ афзоиш дода шуда, даҳҳо ҷойи нав корӣ таъсис ёбад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520