Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон

26.03.2016 10:44, шаҳри Бӯстон

Иншооти «Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бунёд гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти ин иншооти меъёрию оинномавии ин Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни ифтитоҳ бахшид.

Таъкид гардид, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароитҳои меъёрии хизматии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол тадбирҳои муҳимро амалӣ менамояд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳайати шахсии ҷузъу томҳои мудофиа ва амнияти миллӣ ба ҳайати аз лиҳозу маҳорату малакаи касбии обутобёфта табдил ёфт.

Иншооти тозабунёди Маркази таълимии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тайёр кардани сарбозон (афсарон) ба воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа» дар масоҳати 1,5 гектар бо зиёда аз 10 иншооти таъиноти оинномавӣ бунёд ёфтааст.

Дар бинои маъмурию таълимии дуошёна таҳхона, синфхонаҳои таълимӣ, 2 толори машқҳои ҳарбӣ – варзишӣ ва маҷлисгоҳ ҷой гирифтааст.

Ду майдончаи машқҳои амалиёти ҷангӣ барои таҳкиму татбиқи донишҳои назариявӣ, обу тоби ҷисмонӣ, омӯзиши роҳу усулҳои ҷангӣ пешбинӣ гардидааст.

Маркази таълимӣ дорои бинои хобгоҳ барои 200 нафар афсарон ва ошхона бо 100 ҷойи нишаст буда, хамом барои 20 нафар дар як баст ва дигар шароитҳо барои буду бошу истироҳати афсарону сарбозон шароитҳои хуби замонавист.

Марказ дорои инфрасохтори мустақил чун буғхона, хати барқу зеристгоҳи барқӣ мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ҳайати шахсӣ таъкид дошт, ки ин иншооти меъёрии оинномавӣ имконият медиҳад, ки дар Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбозону афсарони аз ҳар ҷиҳат обутобёфта тайёр карда шавад.

Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа» дар давраю лаҳзаҳои муҳими ҳифзи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзии кишвар баҳри пешгирӣ аз ҳадафҳои нопоки душман ва безарару несту нобуд кардани гуруҳҳои ҷиноятпешаи терористӣ дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор нақши муҳим дошта, аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузоштааст.

Ҳайати Воҳиди таъиноти махсуси зиддитерористии «Алфа»-и Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он ҷавонони далеру  ҷасур, чусту чолок ва руҳану ҷисман солим шомиланд, бо тақвияти донишу малака ва маҳорати касбӣ бо садоқату масъулият баҳри ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ, амнияти миллӣ ва сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520