Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими «Корвони наврӯзӣ» дар шаҳри Хуҷанд

26.03.2016 11:48, шаҳри Хуҷанд

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин рӯзҳо, ки Наврӯзи ҷаҳонӣ дар сарзамини биҳиштосои мо аз ҷониби хурду бузург бо хушҳоливу хурсандии бемисл таҷлил мегардад, мехоҳам бори дигар мардуми шарафманди кишвар ва сокинони сарбаланди вилояти Суғдро ба ифтихори ин ҷашни бузурги миллӣ самимона табрик гуфта, бароятон хушрӯзиву нишот, комрониву саодати ҳамешагӣ, бахту иқболи баланд ва тамоми  шодиҳои зиндагиро орзу намоям.

Бисёр рамзист, ки имрӯз дар ин сарзамини куҳанбунёд ва шаҳри бостонии Хуҷанд, ки беҳтарин суннатҳои наврӯзӣ дар он то ба имрӯз побарҷо ҳастанд, эҳёи боз як падидаи нодири фарҳанги наврӯз, яъне «Корвони наврӯзӣ» бо ҳузури намояндагони тамоми шаҳру навоҳии вилоят ҷараён дорад.

Мутобиқи ахбори таърихӣ дар рӯзи шашуми Наврӯз, ки онро гузаштагони мо «Наврӯзи бузург» унвон намудаанд, мардум маросими муҳташаме ороста, бо ҳамдигар шодиву хурсандӣ мекарданд.

Зеро ба эътиқоди ниёгони мо рӯзи шашуми таҷлили Наврӯз рӯзи тақсими саодат ва хушбахтӣ будааст ва ба ин хотир одамон ҳама якҷо ба наврӯзгоҳҳо баромада, бо номи “Корвони наврӯзӣ” ҷашне меоростаанд, то тамоми сол ба кишвар хуррамиву хушрӯзӣ ва ба хонадони мардум бахту иқбол ҳамроҳ бошад.

Эҳёи ин суннати арзишманд аз ҷониби сокинони вилояти Суғд баёнгари ҷаҳонӣ шудани ин ҷашни миллии мо буда, дар рӯзи Наврӯз иқдоми воқеан нек ба шумор меравад.

Таваҷҷуҳ ба муҳтавои ин ойини наврӯзӣ, яъне Наврӯзи бузург дар баробари арзиш ва аҳаммияти таърихии он як ҷанбаи хеле муҳимми ин ойини фарҳангиву мардумиро бори дигар равшан месозад, ки дар умум ҷашни хайру эҳсон, накӯкориву инсонгароӣ ва созандагиву ободгарӣ будани Наврӯзро таъкид месозад.

Дар рӯзи таҷлили ин ҷашн тӯдаҳои зиёди мардум бо аспу аробаҳо  тамоми маҳаллаву гузарҳои шаҳрро сайр менамуданд, то ба мардум аз омадани Наврӯзи бузург хушхабар расонанд.

Дар баробари мардумони дигар, ки ба корвони наврӯзӣ ҳамроҳ мешуданд, сарватмандону дороён ва хайрхоҳону саховатпешагон низ мекӯшиданд, ки бо истифода аз фурсати муносиб ба ниёзмандон хайру эҳсон намоянд.

Хусусан, ба хотири шодмониву нишоти мардум ҳамон расми қадимаи ниёгони мо, ки бо номи оростани “Мири наврӯзӣ” ҳамчун рамзи ба охир расидани зимистон ва сардиҳои он маъруф буд, ба намоиш гузошта мешуд.

Аз муҳтаво ва мундариҷаи ин суннати наврӯзӣ равшан ҳувайдост, ки пеш аз ҳама, он симои Наврӯзи хуҷастаро чун ҷашни гармиву бедорӣ ва накӯкориву хайрандешӣ нишон дода, мардумро ба саховатмандӣ ва дастгирӣ кардани шахсони ниёзманд даъват менамояд.

Канори ҳамдигар омадани мардум ва дастаҷамъона амалӣ намудани чунин иқдоми нек боис мешавад, ки одамон дар иҷрои амалҳои хайр ба ҳамдигар кумак намоянд ва ба ин восита эҳсоси дӯстиву рафоқат ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ миёни мардум тақвият ёбад.

Мо низ дар сиёсати пешгирифтаи худ ба анҷоми корҳои хайр ва ғамхорӣ нисбат ба ятимону маъюбон, бепарасторону ниёзмандон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ эътибори доимӣ медиҳем.

Корвони Наврӯзӣ, ки имрӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд пас аз солиёни тӯлонӣ дубора эҳё мешавад, дар вуҷуди худ беҳтарин суннатҳои Наврӯзи бузурги ниёгони моро таҷассум намудаву ҳамон ойинҳои қадимаро ба сурати нав, хосса бо мутобиқ гардонидан ба падидаҳои даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дубора зинда гардонидааст.

Дар баробари ин, аз қадимулайём  расм будааст, ки дар манотиқи мухталифи қаламрави зисти аҷдоди мо, чун сарзаминҳои Суғду Хатлону Ҳисору Бадахшон ва Зарафшону Рашт ин маросими миллӣ дар ҷойҳои махсус, яъне наврӯзгоҳҳо ҷашн гирифта мешуд.

Бо шакли нав ва муҳтавои дигар доир намудани “Корвони наврӯзӣ”  дар ин майдони зебо ба мардум шодиву нишоти нав мебахшад, ки сарчашмаи асосии он сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар  буда, чунин иқдом, бешубҳа, ба афзун гардидани файзу баракат мусоидат мекунад. 

Имрӯз дар ҳошияи анҷом додани маросимҳои неки ин ҷашни миллӣ  дар қаламрави вилояти Суғд расми дигари наврӯзӣ - сайри гули лола ташкил шудааст, ки он низ як рукни таърихии ин ҷашни муборак буда, эҳёи суннати мазкур дар самти дӯст доштани табиат ва зебоипарастии мардум нақши муассир дорад.

Бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки ба ифтихори ин ҷашн шаҳри Хуҷанд ба як лолазори бузург табдил ёфтааст.

Вобаста ба таҷлили иди гули лола мехоҳам як нуктаро ҳам таъкид намоям, ки ин ойин дар сарзамини Суғди бостонӣ, Бохтари қадим ва баъзе манотиқи дигар бо номи “Ҷашни гули сурх” баргузор мегардид, ки то ҳол дар қисмате аз навоҳии вилояти Хатлон ва қаламрави Афғонистон побарҷо мебошад.

Наврӯз бо ин ҳама ойинҳои неку ибратбахши худ ҳамчун паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарофатманди мо ба мардум накӯиву зебоӣ ва хушиву хурсандӣ ато мекунад.

Дар сиришти ин ҷашни куҳанбунёд, эҳёи назму низом дар ҳамаи корҳои зиндагӣ эҳсос шуда, ваҳдату ягонагӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамбастагиву ҳамоҳангии инсон ва ҷамъияту табиат дар тору пуди он таҷассум ёфтааст.

Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳимми ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат кунанд.

Далели равшани ин дар давоми солҳои охир баргузор шудани ҷашнвораҳои ҷаҳонии Наврӯз дар чанд кишвари ҳавзаи фарҳанги Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистони азизи мо мебошад, ки боиси гирди ҳам омадани аҳолии зиёде аз меросбарони ин падидаи тамаддуни куҳани башарӣ гардида, дар таҳкими дӯстии онҳо нақши босазое гузошт.

Ҳамаи мову шумо шоҳиди он ҳастем, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз доир гардид, ки он низ боиси ба ҳам омадани шумораи зиёди олимону суханварон ва шоирону нависандагон аз мамлакатҳои дуру наздики олам гардид.

Намояндагони сарзаминҳои ҳавзаи Наврӯз дар чорабиниҳои наврӯзии шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар ширкат варзида, садоқату дилбастагии мардуми тоҷикро ба ин ҷашни аҷдодии хеш ва иқдомоти шоистаи ҳамватанони моро дар эҳёи нодиртарин суннатҳои наврӯзи Аҷам хуб мушоҳида карданд ва бори дигар бовар ҳосил намуданд, ки воқеан “Тоҷикистон ватани наврӯз аст”.

Дӯстони азиз!

Имрӯз мо бо сарбаландӣ гуфта метавонем, ки  ба бахти баланди миллат  баҳори биступанҷумини истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллии кулли сокинони мамлакат таҷлил намуда истодаем.

Бар асоси таваҷҷуҳи зиёди мардуми мо ба аслу моҳияти фарҳанги ахлоқии  Наврӯз аст, ки дар саросари кишвар дар остонаи таҷлили бошукӯҳи ин ҷашн муҳимтарин корҳои созандагиву бунёдкорӣ идома меёбанд ва дар ҷараёни сафари кории навбатии худ мо шоҳиди ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва оғози корҳои созанда дар шаҳру навоҳии вилоят гардидем.

Ҳамчунин, рӯҳияи баланди мардуми вилоят, дастгирии самимонаи ташаббус ва барномаҳои Роҳбари давлат аз ҷониби мардум худ далели равшани он аст, ки сокинони шарафманди ин сарзамини куҳан дар қатори дигар ҳамватанони азизи мо бо орзуи он, ки Наврӯзи имсола саодату комронӣ ва дастовардҳои бузургу бемислеро барои ҷашни 25 - солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон армуғон оварад, ҷашни Наврӯзи Аҷамро бо шукӯҳу самимият ва корномаҳои созанда истиқбол мегиранд.

Таҷлили бошукӯҳу дастаҷамъонаи Наврӯз ҳамаи моро ба он ҳидоят месозад, ки ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳар як гӯшаи Ватани биҳиштосоямон, нерӯманду пешрафта сохтани давлати соҳибистиқлоламон ва аз имрӯза беҳтару осудатар намудани зиндагии мардуми шарифи кишвари  маҳбубамон ҳарчи бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

Ба орзӯи он, ки ҳамаи ниятҳои неки шумо, сокинони шарафманди вилояти Суғд, дар ин соли ҳумоюнӣ ва то Наврӯзи дигар  амалӣ гарданд, бори дигар Наврӯзи ҷаҳониро бароятон самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо ва тамоми мардуми шарифи тоҷик  бахту саодат, хайру баракат  ва ба Тоҷикистони маҳбубамон  сулҳу субот, ваҳдати миллии ҷовидона ва дастовардҳои бузург мехоҳам.

Наврӯзатон муборак бошад, ҳамдиёрони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520