Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон

27.03.2016 12:32, шаҳри Гулистон

Субҳи рӯзи 27 март дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо корҳои ободонӣ дар Осоишгоҳи Баҳористон шинос шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки танҳо дар давоми 3 моҳи аввали соли 2016 аз ҳисоби даромади софи осоишгоҳ як қатор корҳои ободонӣ, аз ҷумла сохтмони фаввораи замонавӣ дар саҳни ҳавлӣ, боғи паррандагони нодир бо кабк, товус, тутӣ, бедона ва шинонидани гулу буттаҳои ороишию дарахтони зебои сояафкан иҷро карда шудааст.

Зимни шиносоӣ аз шароиту имконоти осоишгоҳ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти он баҳри ҷалби ҳарчи бештари истироҳаткунандагон аз дохил ва хориҷи мамлакат дастур дод, ки минбаъд низ корҳои ободониро вусъат бахшанд ва бо завқи баланди зебоипарастию шинонидани гулҳои зебову хушбуй, дарахтони ба саломатии инсон фоидаовар ин маконро ба як мавзеи дилнишин табдил диҳанд. Инчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сатҳи хизматрасонии тиббӣ ва сифати хӯрокҳо беҳтар карда шавад.  

Мавриди зикр аст, ки Осоишгоҳи Баҳористон соли 2011 бо дастури бевоситаи Сарвари давлат бунёд шуда, имрӯз ба як макони сайру саёҳат ва истироҳату табобати мардум табдил ёфтааст.

Дар осоишгоҳ, ки аз 6 бино иборат аст ва барои қабули 800 нафар мизоҷ пешбинӣ шудааст, 365 нафар бо маоши миёнаи 1000 сомонӣ ба мардум хизмат мерасонанд.

Тибқи иттилои роҳбарияти осоишгоҳ дар шафати роҳравҳо 118 ҳазор гулҳои гуногун, аз ҷумла 17 ҳазор садбарги ҳолландӣ, инчунин каштан, ел, можевелник, серенаи ҳиндӣ ва берёза шинонида шудааст. Дар давраи се моҳи аввали соли ҷорӣ аксари биноҳои таъмирталаби осоишгоҳ азнавсозӣ шудааст.

Баъди шиносоӣ Сарвари давлат ба роҳбарияти осоишгоҳ барои иҷрои корҳои ободонӣ баҳои арзанда дода, онҳоро барои идомаи ин тадбирҳои нек ҳидоят кард.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо як гурӯҳ истироҳаткунандагони осоишгоҳ сӯҳбати самимӣ ороста, аз шароити табобату истироҳати онҳо пурсон шуд.

Мардум ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Имрӯз сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд анҷом ёфт.

Мавриди зикр аст, ки зимни ин сафари бобарору созанда Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аз ҷумла дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт, шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Бӯстон, Хучанд ва Гулистон иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ карда, барои бунёди марказҳои шаҳрак, муассисаҳои дигари маишию хизматрасонӣ, мактабҳо, боғчаҳои кӯдакона ва сохтмони роҳҳо ҳусни оғоз бахшид. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар ҳамаи ин шаҳру ноҳияҳо бо сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карда, дар нахустин Корвони наврӯзӣ дар шаҳри Хучанд иштирок намуд.   

Бешак бунёди корхонаи бузурги саноатии “Ғаюр Суғдсемент” бо иқтидори истеҳсолии беш аз як миллион тонна семент дар як сол бо 1300 ҷоий корӣ, бунёди боғи меваҳои содиротӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ифтитоҳи корхонаҳои коркарди мева ва нафт дар шаҳри Конибодом, марказҳои муосири хизматрасонӣ ва бинои прокуратура дар шаҳри Исфара, мактабу чойхона ва Кохи фарҳанг дар ноҳияи Ашт, оғози бунёди шаҳраки нав бо тамоми инфрасохтор, кушодавии мактаб ва ифтитоҳи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ ва ғайра дар маҷмуъ барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳдошти сифати таълиму тарбия, баланд бардоштани донишу маърифатнокии аҳолӣ ва ба болоравии сатҳи иқтисодӣ ва зиндагии арзандаи аҳолӣ мусоидат менамояд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520