Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

28.03.2016 16:14, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

"Ҷаноби Олӣ,

Хабари фоҷеабори ҳалокати даҳҳо мардуми бегуноҳ, минҷумла занону кудакон ва ҷароҳати вазнин бардоштани садҳо нафар бар асари таркиши даҳшатангез дар шаҳри Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон боиси андӯҳи бузург ва нафрати беандозаи инҷониб гардид.

Мо бо нигаронии шадид ин амали ваҳшиёнаи нерӯҳои аҳриманро қатъиян маҳкум намуда, ҳамбастагии худро бо талошҳои минтақавию ҷаҳонӣ баҳри тақвияти муборизаи беамон алайҳи терроризм ва ифтротгароӣ таъкид менамоем.

Ҳамдардиву тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба халқи кишвари дӯсти Покистон ва наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520