ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи Сафири Фавкулодда ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва
ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар Малайзия озод намудани Ҳусейнов М.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Ҳусейнов Музаффар Маҳмуродович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 марти соли 2016
№650