ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Сафири Фавқуллода ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон
таъин намудани Сатторов И.М.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Сатторов Имомуддин Мирзоевич ҳамзамон Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 марти соли 2016
№653