Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси амалкунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайер

01.04.2016 13:39, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси амалкунандаи САҲА, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Франк Валтер Штайнмайерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба вазъи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон, ҳамчунин ҳамёрии ду кишвар дар доираи Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози сӯҳбат изҳор дошт, ки “Тоҷикистон авлавиятҳои дар давраи раисии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар САҲА муайян шударо пурра дастгирӣ карда таҷдиди муколама ва эҳёи эътимоду амният дар фазои САҲА, тақвият бахшидан ба иқтидори он, истифодаи фаъоли имконоти Созмон дар рафъи бӯҳрон ва ҳали низоъҳоро дар мадди назари аввал қарор медиҳад”.

Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла амнияту субот дар Осиёи Марказӣ, мушкилоти Афғонистон, вазъи сарҳадот, терроризму экстремизми динӣ ва ҷиноятҳои муташаккил табодули афкор карда рушду тавсеаи ҳамгироиҳоро дар ин самт ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон арзёбӣ намуданд.

Зимни баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва ҳамкориҳои гуманитарӣ таъкид гардид, ки имрӯз ҳамшарикии миёни кишварҳо дар сатҳи ҳамкориҳо баҳри таъмини рушди устувор қарор дошта, миёни ду кишвар заминаи хуби шартномавию ҳуқуқӣ арзи вуҷуд дорад.

Дар мулоқот аз Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои кӯмак ҷиҳати дастрасӣ ба Бунёди Иқлими Сабз дар доираи Барномаи “Омодагӣ ба маблағгузории иқлим” ва мусоидат ба татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёту хизматрасонии Тоҷикистон арзи сипос карда шуд.

Ҳар ду ҷониб ҳамзамон барои рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар соҳаҳои илм, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ омодагию ҳавасмандии хешро баён намуданд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили марбут ба обу энергетика, нақлиёту транзитӣ ва экологӣ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520