Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

05.01.2005 13:00, шаҳри Душанбе

5 январ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  озод ва таъин намудани як қатор масъулини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мактабҳои олии мамлакат фармонҳо имзо кард.

Дар асоси Фармони Сарвари давлат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қозидавлат Қоимдодов аз ин вазифа озод ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон таъин гардид.

Бо сабаби ба кори дигар гузаштан Абдулҳамид Ҷалолов аз вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав озод шуда, Раҳматулло Пӯлодов иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳия таъин гардид.

Ба ҷои Ҳабибулло Юсупов генерал-майори милиса Абдуманнон Ғозиев Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, аз вазифаи муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Генерал-майори милиса Маҳмадсаид Ҷӯрақулов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милиса Файзулло Абдуллоев муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин ва Раҳим Каримов аз вазифаи муовини директори Агентии номбурда озод гардид.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои Давлаталӣ Мирзоев Иззатулло Сатторов ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ва ба ҷои Қурбон Расулов Худойназар Асоев ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев  таъин гардиданд.

Дар мавриди аҳамият ва зарурати фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби матбуоти Сарвари давлат Абдуфаттоҳ Шарипов иттилоъ дод, ки тағйироти кадрӣ аз дастуру эродҳои Президенти мамлакат аснои машварат бо кормандони вазорату идораҳои қудратӣ ва низомӣ аз 24 декабри соли 2004 бармеояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот ба таври муфассал ва ошкоро аз камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи ҳаёти ҷомеа, фаъолияти ғайриқаноатбахши бархе аз роҳбарони вазорату идораҳо ва  муассисаҳои олии таълимӣ, мавҷудияти омилҳои хилофи қонунҳои амалкунанда дар фаъолияти масъулини соҳаҳои гуногун, бо суиистифода аз мансаби хизматӣ азхудкунии маблағҳои буҷетӣ ва дигар сабабҳои халалдор шудани риояи талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда буд.

Бешубҳа, таъини мутахассисони варзида ба мансабҳои зикргардида ба хотири татбиқи амалии дастуру нишондодҳои Сарвари давлат дар бобати ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520