Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Ҳабибуллоҳи Бетараф

12.01.2005 16:00, шаҳри Душанбе

12 январ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби оқои Ҳабибуллоҳи Бетараф мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки имкониятҳои ҳамкорӣ бахусус дар бахши истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ хеле зиёданд. Дар ҳолате ки кишварҳои минтақа, қабл аз ҳама Чину Покистон, Афғонистону Россия ва Қазоқистон ба нерӯи барқ ниёзмандӣ доранд, ҳамкориҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди бунёди нерӯгоҳи барқию обии Сангтӯда ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.

Дар ҷараёни мулоқот доир ба  самтҳои асосии ҳамкориҳои сеҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Федератсияи Россия бобати бунёди нерӯгоҳҳои барқию обии "Сангтӯда" табодули назар карда шуд.

Китоби дуюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо номи "Аз Ориён то Сомониён" аз силсилаи "Тоҷикон дар оинаи таърих" бо  забонҳои англисӣ ва форсӣ аз чоп баромад.

Тавре аз мӯҳтавои он бармеояд, дастовардҳои ҷомеаи навини Тоҷикистон ба осонӣ имконпазир нагардидаанд ва ҳар хишти иморати мӯҳташами истиқлолияти давлатиро мардуми Тоҷикистон бо талошу заҳматҳои гарон болои ҳам гузошта истодаанд.

Ва ин амри воқеист, зеро бояд давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар олами пурҳаводиси ибтидои ҳазорсолаи сеюм тарҳу симои хосаеро соҳиб шуда, тақдири гузаштаву ояндаи миллатро фаро гирад.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтихори бузурги ватандорӣ аз донистани таърих, фарҳанг ва анъанаҳои неку омӯзандаи гузаштагони оламшумуламон сарчашма мегирад.

Муаллиф бо такя ба заковати азалии миллати тоҷик ва илҳому нерӯи тоза аз ҳаракату фидокориҳои  мардуми шарифи сарзамин дар таҳкими давлатдории навин китоби худро дар қатори ҳар як фарди бонангу ори миллат ҳамчун дастовези хоксорона ба доираи васеи хонандагон пешниҳод намудааст.

Бо забони англисӣ ва форсӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон шаҳри Теҳрон ба чоп расидани китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо номи  "Аз Ориён то Сомониён" боз як иқдоми наҷибест дар ҷодаи муаррифӣ ва баланд бардоштани нуфузи таърихии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520