Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

25.01.2005 18:00, шаҳри Душанбе

25 январ таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси нахустини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2005 баргузор гардид.

Маҷлис бо баррасии масъалаи кадрҳо оғоз ёфта, аз рӯи масъалаи навбатии рӯзномаи корӣ дар бораи тасдиқи нишондиҳандаҳои сармоягузориҳои асосии мутамарказ барои соли 2005 қарор қабул шуд.

Дар маҷлис ду лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - "Дар бораи ворид намудани  иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" муҳокима гардида, бо назардошти таклифу пешниҳодоти нав ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуданд.

Дар маҷлис Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шароити саҳми Федератсияи Россия дар сохтмони НБО-и "Сангтӯда-1" ва комиссияи ҳукуматӣ оид ба интихоби қитъаи  замин барои лоиҳакашии сохтмони корхонаи алюминий дар ҳудуди вилояти Хатлон ва бунёди корхонаи коркарди нафт тасдиқ гардиданд.

Зимни муҳокимаи ин масъалаҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар таърихи  муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Россия марҳилаи  сифатан созандаву самарабахш оғоз ёфт. Дар заминаи созишномаҳои байнидавлатие, ки дар чаҳорчӯбаи нахустин сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар Душанбе моҳи октябри  соли гузашта ба имзо расидаанд, имсол бо ҷалби бештар аз 60 миллион доллари ИМА  танҳо барои сохтмони НБО-и "Сангтӯда-1" ва ҳамзамон бунёди корхонаи алюминий шурӯъ мешавад, ки  дар ин иншооти стратегӣ шумораи калони мутахассисони маҳаллӣ бо кор ва маоши баланд таъмин мегарданд. Сохтмони НБО-и "Сангтӯда-2"-ро ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ӯҳда дорад ва ҳарду нерӯгоҳ то соли 2008 бояд мавриди истифода қарор гиранд, ки ин тадбирҳо дар таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат омили муҳиму таърихӣ мебошанд. Баъди таҳлилу муҳокимаи ҳамаҷониба масъулин ҷиҳати таъсиси Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Роғун" вазифадор гардиданд.

"Бояд баҳри он талош намуд, ки дар ин сохтмонҳои азим истифодаи бештари ашё ва маҳсулоти саноатию сохтмонии истеҳсоли маҳаллӣ ва қувваҳои кории ватанӣ мавриди истифода қарор гиранд", - афзуд Сарвари давлат.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон масъулинро бобати омодагӣ ба маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар соли 2004, ҳисоботи муфассал бо шарҳу эзоҳи истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва сабабҳои иҷро нашудани нақшаҳои корӣ вазифадор кард ва илова намуд, ки ба фаъолияти роҳбарон ва масъулин аз рӯи нишондиҳандаҳои меҳнатӣ ва пешрафту навовариҳои соҳа баҳои воқеӣ дода хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520