23 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Муҳаммад Хотамӣ барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он омадааст:
Заминларзаи шадид дар остони Кирмон, ки сабабгори талафоти ҷонӣ ва хисороту вайронии зиёд гардид, моро бисёр мутаассир ва ғамгин намуд.
Дар ин рӯзҳои сахт барои Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамдардии амиқи худро ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷиа ва тамоми мардуми бародари кишвари Эрон иброз медорам. Ба ҳамагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам.