Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов

23.02.2005 18:00, шаҳри Душанбе

23 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Сарони ҳарду давлат масъалаҳои вобаста ба рушду густариши ҳамкориҳои дуҷонибаю минтақавиро муҳокима намуданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат ба масъалаи  давра ба давра инкишоф додани бозори Осиёи Марказӣ дар доираи Созмони Ҳамкории Осиёи Марказӣ ва масъалаҳои рушду тавсеаи  минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба мароқ зоҳир карда шуд.

Масъалаи баргузории машварат оид ба проблемаҳои амнияти минтақа ва дигар мавзӯоти марбута дар маркази таваҷҷӯҳи  сарони ду кишвар қарор дошт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520