Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Иззат Саъад ас-Сайид

14.03.2005 14:00, шаҳри Душанбе

14 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мисри Араб Иззат Саъад ас-Сайид мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ маҷмӯи муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, рушду густариши минбаъдаи  робитаҳои  иқтисодию тиҷоратӣ, масоили имрӯзаи дорои характери байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Вақти он фаро расидааст, ки сатҳи ҳамкориҳои  ба ҳарду тараф манфиатнок дар соҳаҳои  сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баланд бардошта шаванд, - таъкид ёфт дар мулоқот.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Иззат Саъад ас-Сайид ёддошти  тафоҳуми байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро, ки имрӯз ба имзо расид, механизми  фаъоли ташхису танзими самтҳои  афзалиятнок ва эҷоди роҳҳои муносиби амалӣ гардидани онро арзёбӣ намуданд.

Мулоқот дар фазои самимию созанда ва ҳусни тафоҳум ба поён расид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520