Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат

18.03.2005 14:00, шаҳри Душанбе

18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар "Кохи Ваҳдат"-и пойтахт бо намояндагони зиёиёни мамлакат мулоқот кард.

Тавре дар суханронии Сарвари давлат таъкид гашт, дар арафаи ҷашни бузурги ниёгонамон - Наврӯзи Аҷам ҳар сол доир гардидани мулоқот бо зиёиён ба ҳукми анъана даромадааст.

Ҳар сол дар заминаи таклифу пешниҳодоти иштирокчиёни мулоқот нақшаи чорабиниҳо таҳия шуда, иҷрои онҳо таҳти назорати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор мегирад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз тадбирҳои як соли охир тазаккур дод, ки бо мақсади чопи асарҳои адибону олимон аз Фонди захиравии Президент 228 ҳазор сомонӣ, аз Буҷети давлатӣ 600 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, зиёда аз 70 номгӯй китоб ба табъ расид.

Умуман аз Фонди захиравии Президенти мамлакат соли гузашта барои инкишофи илму фарҳанг ва соҳаҳои маорифу тандурустӣ 12 миллион сомонӣ ҷудо гардида буд.

Аз қисми хароҷотҳои дигари  Буҷети давлатӣ бошад бо ин мақсад ба таври илова боз 20 миллион сомонӣ масраф гардидааст.

Барои таъмиру сохтмони Институти гастроэнтерологияи Академияи илмҳо 2 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, таъмиру таҷдиди хобгоҳи ҷумҳуриявии аспирантон 4 миллиону 300 ҳазор сомонӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани  маоши кормандони соҳаҳои илму фарҳанг ва маорифу тандурустӣ ба таври илова 68 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд.

Дар сӯҳбати озоду ошкоро ва самимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиён доир ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷомеа мубодилаи афкор намуд.

18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди суннатии ниёгон - Наврӯз ба роҳбарони кишварҳои минтақа барқияҳои табрикӣ ирсол намуд.

Дар ин барқияҳо таъкидан зикр гаштааст, ки ин иди қадимӣ ва анъанавии мо маънии амиқи эҳё ва созандагиро дорост, ки мардумони мо ҳамеша саъй ба он доштанд. "Умедворам, ки - гуфта мешавад дар барқияҳо, - бо кӯшишҳои муштарак мо метавонем суннатҳои дӯстиву эҳтироми мутақобилро байни кишварҳо ва мардумони худ рӯҳи тоза бахшем".

Ба номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз кишварҳои мухталиф табрикоти зиёди идона ворид мегарданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520