Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз мактаб-интернати № 4-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

19.03.2005 16:00, шаҳри Душанбе

19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мактаб-интернати № 4-и ноҳияи  Синои шаҳри Душанбе омада, барои 354 нафар тарбиятгирандагони он аз ҳисоби маоши  худ 3 тонна картошка, 2 тонна пиёз, 2 тонна сабзӣ, 300 килограмм гӯшт, 1 тонна биринҷ, 1 тонна равған,  500 килограмм марҷумак ва 1 тонна шакар овард.

Ҳамзамон аз ҳисоби фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин даргоҳи таълимӣ 5 маҷмӯи компютер бо принтери ранга,  354 ҷуфт сару либос ва пойафзол ба маблағи умумии 35800 сомонӣ тақдим карда шуд.

Сарвари давлат  дар ин ҷо бо шароитҳои таҳсилу фароғати хонандагони мактаб - интернат  шинос шуда, барномаи идонаи Наврӯзии хурдсолонро тамошо намуд.

Худи ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хонаи истиқоматии собиқадори ҷангу меҳнат Табаралӣ Мирзоеви 88 - сола, сокини маҳаллаи Карамови ноҳияи ба номи Исмоили Сомонии пойтахт омада, бо аҳли оилаи ӯ сӯҳбат дошт ва онҳоро бо иди Наврӯз муборакбод намуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520