7 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иҷрокунандаи вазифаи Президент, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев телефонӣ сӯҳбат кард. Сӯҳбати телефонӣ бо ташаббуси Қурмонбек Боқиев сурат гирифт.
Дар ҷараёни сӯҳбат вазъи сиёсии Қирғизистон, вазъияти имрӯза ва нақшаҳои дурнамои муносибатҳои ҳарду кишвар муҳокима шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи қотеонаи мамлакати моро дар бобати воқеаҳои рӯзҳои охир дар Қирғизистон рухдода таъкид кард. Вай таваҷҷӯҳи ҳамсӯҳбаташро пеш аз ҳама ба хусусияти дохилии ин рӯйдодҳо ҷалб намуд.
- Мо умедворем, ки ҳамаи қувваҳои сиёсии Қирғизистон иродаи қавӣ ва ақлу хиради солимро зоҳир намуда, роҳи сабру таҳаммулро пеш мегиранд ва ба густариши ҳамкорӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар натиҷа вазъи бӯҳронии Қирғизистон бомуваффақият бартараф карда хоҳад шуд, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати Тоҷикистон бори дигар сиёсати қотеъона ва тағйирнопазири давлати моро дар мавриди равнақу ривоҷи муносибатҳои мутақобилан муфид ва ҳусни ҳамҷаворӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон зикр намуд. Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр аст, дар мавриди зарурат ба Қирғизистон кӯмак расонад.