17 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таҷлили ҷашни идонаи "Рӯзи пойтахт" ба Боғи фароғатии Маҷмааи шавқовари "Пойтахт-80" омад. Боғи фароғатии Маҷмааи "Пойтахт-80" ба хотири таҷлили нахӯстин "Рӯзи пойтахт" шукӯҳу шаҳомати хоса дошт. Сокинону меҳмонони пойтахт бо рӯҳияи баланди идона, хушу хурсандона дар ин гӯшаи дилрабои пойтахт ҷамъ омада буданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз намоиши гулҳо дидан намуда, ҳамагонро бо ин рӯзи фархунда шобдош гуфт. Сарвари давлат ба ҳозирин, ки аксарияташонро ҷавонон ташкил медоданд, муроҷиат намуда, мақсади асосии баргузории ин чорабинии муҳимро тарбияи насли наврас дар рӯҳияи созандагӣ, худшиносиву худогоҳӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ ба хотири ободӣ ва рушду густариши ҳарчи бештари имрӯзу ояндаи пойтахти давлати соҳибистиқлоламон, амалӣ гардонидани ғояҳои сулҳу дӯстӣ, истиқлолият, давлатдории миллӣ ва пойтахти он арзёбӣ кард.
Баъди суханронии Сарвари давлат намоиши театрикунонидашуда пешкаши меҳмонон ва сокинони пойтахт гардонида шуд.
Таҷлили "Рӯзи пойтахт" ба иди ҳақиқии дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмию ҳамраъйии кулли сокинони он табдил ёфт.