Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар мулоқоти Сарони давлатҳои "Осиё ва Африқо" ва тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 50-умин солгарди конференсияи Бамдунг

21.04.2005 15:00, Индонезия

21 апрел  дар шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия мулоқоти Сарони давлатҳои "Осиё ва Африқо" ва тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 50-умин солгарди конференсияи Бамдунг ба кори хеш оғоз намуд.

Дар кори Саммит дар қатори  сарони давлат ва ҳукуматҳои 106 кишвари ду қитъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок кард.

Дар оғоз иштирокчиёни Саммит бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қурбониёни офатҳои табиии солҳои охир дар қаламрави кишварҳои Осиёву Африқо рухдодаро пос доштанд.

Дар маҷлиси пленарии Саммит Президенти Ҷумҳурии Индонезия Сусило Бамбанг Юдхоёно, Президенти Ҷумҳурии Африқои  Ҷанубӣ Табо Мбеки ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан суханронии ифтитоҳӣ намуданд.

Маърӯзачиён атрофи рушди  муносибатҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, саҳмгузорӣ дар муборизаҳои муштараки  ҷаҳонӣ алайҳи таҳдидҳои глобалӣ ва таҳкими сулҳу осоиш таклифу пешниҳодҳои ҷолиб баён намуданд.

Дар ҳузури иштирокчиёни мулоқоти сарони давлатҳои Осиё ва Африқо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон диққати аҳли толорро ба масъалаҳои фарогири ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ ва илмию техникии миёни кишварҳо, ба марҳилаи нави серҷанбаю манфиатбахш ворид намудани самти  муносибатҳои бисёрҷониба, инчунин дарёфти роҳҳои наву афзалиятноки  муборизаҳои муштарак бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷалб кард.

Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки агар дар  нахустин саммити Осиёву Африқо соли 1955 ҳамагӣ 26 кишвар иштирок намуда бошад, дар таҷлили 50-умин солгарди ин ташкилоти байналмилалӣ 106 мамлакат  ширкат доранд, ки ин собитгари талошу хоҳишҳои ҳамдастӣ, ҳамкорӣ ва иттиҳоди халқу давлатҳои ду қитъаи бузурги олам мебошад. "Аз ин рӯ, бо истифода аз ин имкониятҳои мусоид таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ояндадори кишварҳо ба мақсад мувофиқ аст",- афзуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Таклифу пешниҳодоти Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби сарони давлат ва ҳукуматҳои мамолики Осиёву Африқо бо қаноатмандии комил пазироӣ гардид.

Бо натиҷагирӣ аз Саммити Осиёву Африқо Эъломияи конференсияи Осиё ва Африқо бо назардошти нақша ва дурнамои ҳамкориҳои миёни кишварҳои ду қитъа дар доираи Созмони шарикии стратегии Осиёву Африқо қабул гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони баландпояи беш аз 100 давлати  ду қитъа имзо гузоштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520