Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири Кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофи Аннан

22.04.2005 09:00, Индонезия

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷакарта ҳамчунин бо Дабири Кулли СММ Кофи Аннан мулоқот намуд.

Дар сӯҳбат маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ, тадбирҳои сулҳофарини ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳонӣ, раванди барқарорсозии иқтисодӣ ва таъмини амнияту осоиш дар Афғонистон баррасӣ шуданд.

"Нахустин тадбири Даҳсолаи байналмилалии амалиёти "Об-барои ҳаёт" охирҳои моҳи майи  соли 2005 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад. Дар ин конфронси байналмилалӣ нақши СММ фаъолу самарабахш хоҳад буд", - изҳори умед намуд Сарвари давлати Тоҷикистон ва афзуд, ки масъалаи  таъмини оби нӯшокӣ қатори дигар мушкилоти глобалии сайёра омили тавлиди монеаҳои нави экологию иҷтимоӣ мегардад.

Бо ҷонибдорӣ аз андешаҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СММ Кофи Аннан таъкид кард, ки пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон дар мавриди Даҳсолаи  байналмилалии амалиёти "Об барои ҳаёт", ки онро беш аз 130 кишвари олам дастгирӣ намуданд, воқеан саривақтию дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, СММ баҳри  татбиқи амалии ин тадбирҳо талоши амиқ ба харҷ дода, дар ин замина ҷиҳати дар сатҳи олӣ баргузор шудани конфронси Душанбе ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520